НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

7 августа, 2023
386
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 августи соли 2023 дар Боғи Садриддин Айнии пойтахт Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор гардида, то таҷлили 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.