ТАШКИЛИ БОЗДИД АЗ БОҒИ ҲАЙВОНОТ ВА БОҒИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

4 сентября, 2023
505

04.09.20223. шаҳри Душанбе. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе доир гардида истодааст.

Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ташкил карда шуд, ки мақсади масосии он огоҳии наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва маконҳои сайёҳии пойтахти кишвар ва дар ин замина дар онҳо ташаккул додани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки имрӯз боздиди тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе аз Боғи ҳайвонон ва Боғи парчами давлатӣ ба роҳ монда шуд. Зимни боздид аз Боғи ҳайвоноти пойтахт тарбиятгирандагон бо ҳайвонотҳои нодири боғ шинос гардида, доир ба ҳар яки онҳо маълумот пайдо намуданд. Ҳамчунин давоми саёҳат аз зебогиҳои Боғи парчами давлатӣ аз наздик дидан намуда, зери Парчами миллии кишвар акси хотиравӣ гирифтанд.

Ҳамзамон баҳри хотирмон гардидани саёҳат барои иштирокчиён автобсҳои дуошёнаи замонавӣ ташкил гардида, аз ҷониби намояндагони ҳаҷву зарофат бо қиссаву латифҳои шухиомез табъи тарбиятгирандагон болида гардонида шуд.