ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ”

image news_927_imageш.Душанбе. 21.03.2022. Имрӯз дар пойтахти кишвар бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми III байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар кори форуми байналмилалӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуд.

Зикр гардид, ки бо заҳмату талош ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият дохил карда шуда, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд ва то имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Ҳадафу мақсади баргузории форуми сеюми байналмилалиро масъулин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати точиқ, муаррифии имкониятҳои сайҳии кишвар, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, сармоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими дӯстӣ байни кишвраҳои хориҷӣ маънидод намуданд.

Дигар иштирокчиёни Форум зимни баромади худ таъкид намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн яке аз кишварҳои ташаббускор буда, саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ойини хусравонӣ бориз аст.

Ҳамзамон, дар идомаи форуми мазкур Адоис Долинар муовини раиси шаҳри Клагенфурт, сарпарасти самти робитаҳои хориҷӣ, Бернҳард Ерлер роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтияи Чумҳурии Австрия, Ева Янитса роҳбари Хадамоти ташрифотии шаҳрдории Клагенфурт, Азиз Абдулмаҷид Абду Рауф намояндаи Арабистони Саудӣ, Муҳаммад Исмоил Карам ал-Балушӣ Раиси бахши амниятии меҳмонхонаҳо аз Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Ҳамзамон дар форуми байналмилалӣ тариқи видеоконфронс як қатор роҳбарони идораи хориҷии бо маърузаҳои худ баромад намуда, кулли сокинони пойтахтро бо ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯз кор дар бахшҳо идома ёфта, олимону муҳаққиқон ва коршиносону таърихнигорон бо маърӯзаҳои илман асоснок доир ба таъриху анъанаҳои ҷашни Наврӯз, арзишҳои маърифатии умумибашарии он, моҳияти меҳварии Наврӯз баромад намуданд.

Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиёни Форуми III байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул карда шуд.

Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имкониятҳо ва муваффақиятҳо доир ба рушди сайёҳӣ тибқи назарсанљиҳои Агенти иттилоотии “Турстат” –и Федератсияи Россия ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои сайёҳат ва сафари шабона дар љашни Соли нав арзёбӣ гардидааст.

Лозим ба зикр аст, ки бо қарори Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 сентябри соли 2019 дар соли 2021 Душанбе – пойтхати фарҳангии Иттиҳод эълон гардид ва ба ин муносибат санаи 21 марти соли 2021 бо иштироки меҳмонон аз кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” бо барномаи бошукуҳи муштараки консертӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19