ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "МИСГАРИЮ ОҲАНГАРӢ"
ш. Душанбе. 21.05.2021. Имрӯз даври шаҳрии озмуни “Мисгарию оҳангарӣ” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи мисгарию оҳангарӣ, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари мисгарию оҳангарӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар даври шаҳрии озмуни мазкур довталабоне, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон маҳсулоти омоданамудаи худро пешкаш намуданд.
Баъди азназаргузаронии маҳсулотҳои пешниҳодшуда ғолибони даври шаҳрии озмун муайян гардида, ҷойи аввал ба Аюбов Назирҷон, ҷойи дуюм ба Давлатов Афзал ва ҷойи сеюм ба Садриддинович Генадий Надирович дода шуд. Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо мукофотҳои хотиравӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.