САЁҲАТИ ОММАВИИ ПИЁДАГАРДӢ
ш. Душанбе. 22.05.2021. Бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушду инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни варзиши сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, бахусус сайёҳии пиёдагардӣ, экологиву кӯҳнавардӣ ва табобативу солимгардонӣ, кашфи мавзеъҳои нави сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии риштаи сайёҳии ҳудуди шаҳри Душанбе санаи 22 майи соли 2021 сайёҳати пиёдагардӣ аз Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба” то Харангони Болои ноҳияи Варзоб дар масофаи 16 километр ташкил карда шуд.
Дар сайёҳати пиёдагардии мазкур зиёда аз 80 нафар донишҷӯён Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов ва тарбиятгирандагони Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе иштирок варзиданд.