СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ-АМАЛИИ КӮҲНАВАРДӢ
ш. Душанбе.29.05.2021. Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии кӯҳнавардӣ, табобативу солимгардонӣ ва экологию варзишӣ дар километри 25-уми дарраи Варзоб семинари омӯзишӣ-амалии кӯҳнавардӣ баргузор карда шуд.
Дар семинари мазкур кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни риштаи сайёҳии муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки семинари омӯзишӣ-амалии кӯҳнавардӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил карда шуд.
Дар рафти семинар мутахассисони куҳнавард ба иштирокчиён доир ба таҷҳизотҳои сайёҳии куҳнавардӣ, бастабандии ҷузвдон ва кушодани хаймаҳо ва тартиби дуруст истифода бурдани ресмонҳои кӯҳнавардӣ маълумот доданд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён тартиби гузариш аз дарёҳои кӯҳӣ тариқи бандҳои овезон, гузариш аз минтақаҳои кӯҳӣ бо таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ ва тартиби дурусти интиқол додани ҷабрдидагон дар шароити кӯҳистон дар амал нишон дода шуд.
Дар давоми семинари мазкур иштирокчиён низ фаъолона иштирок варзида, ҷузъиётҳои нишондодаи мутахасисонро зимни сайёҳати куҳнавардӣ дар амал иҷро намуданд.