САЁҲАТИ ОММАВИИ КӮҲГАРДӢ ДАР МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОМИТ-ХАТСАЙРИ АРХУ

 

IMG 2509

 

Рӯзҳои 21-22 августи соли 2021 бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи зебоманзари сайёҳии дарраи Ромит сайёҳати оммавии кӯҳгардӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии кӯҳгардӣ, табобативу солимгардонӣ ва экологию варзишӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир карда шуд.
Дар сайёҳати оммавии кӯҳгардӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, устодони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, мутахассисони соҳаи кӯҳнавардӣ, блогерон, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар қисмати аввали рӯзи 21 августи ба иштирокчиёни чорабинии мазкур тибқи барномаи тасдиқгадида аз ҷониби мутахассисон тартиби сайру гашт дар шароити кӯҳсор фаҳмонида шуда, техникаи бехатарӣ дар шароити кӯҳ ва таҷҳизоти саёҳат намоиш дода шуд. Ҳамзамон, дар нимаи дуюми рӯз иштирокчиён дар хатсайри Арху ба масофаи 4 километр ба саёҳати кӯҳгардӣ машғул гардиданд. Инчунин, дар љараёни баргузории чорабинии мазкур барои иштирокчиён бозиҳои гуногуни шавқовари зеҳнию варзишӣ аз қабили шашка, шоҳмот, футбол ва ғайра ташкил карда шуд.
Дар қисмати расмии чорабинии сайёҳиву кўҳгардӣ дар кӯҳҳои Арху муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло расман хатсайри нави сайёҳӣ “Душанбе-Ромит-Арху”-ро муаррифї намуданд.
Аз ҷониби мавсуф, таъкид гардид, ки 93% Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўҳҳо ташкил медиҳанд ва имрӯз аксари сайёҳоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, бо мақсади шиносоӣ аз табиати зебо, нотакрор ва кўҳҳои сарбафалаккашида мебошад ва аз иштирокчиёни чорбинии мазкур, бахусус ширкатҳои сайёҳї даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар саҳмгузор бошанд ва хатсайри нави сайёҳиро дар барномаҳои худ ҷойгир намуда, меҳмонони дохилию хориҷиро ба хатсайри мазкур сафарбар намоянд.
Тазаккур бояд дод, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста баргузор карда мешавад.

IMG 97831

IMG 9787

IMG 9798

IMG 9807

IMG 9809

IMG 98121

IMG 9819

IMG 98391

IMG 98401

IMG 98581

IMG 98671

IMG 9869

IMG 9868

IMG 98811

IMG 9883

IMG 99131

IMG 9915

IMG 9919

IMG 9918

IMG 99211

IMG 9922

IMG 9923IMG 9924

IMG 9920

IMG 9925

IMG 9926

IMG 9927

IMG 9928

IMG 9929

IMG 9930

IMG 9932

IMG 9935

IMG 9940

IMG 99411

IMG 99421

IMG 9945

IMG 9950

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19