ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ САЙЁҲИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ”

 

241118320 212505550858140_5708267447656911866_n

 

ш.Душанбе. 29.08.2021. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии Боғи Ирам дар ҳошияи Фестивали байналмилалии “Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” Намоишгоҳ баргузор гардид.
Дар Фестивал роҳбарияту намояндагони Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи давлатҳои аъзои СҲИ вазорату идораҳо ва корпуси дипломатии муқимии Тоҷикистон, сайёҳону сокинони пойтахт иштирок доштанд. Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоиши зарфиятҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хурокҳои миллӣ, меваҳои тару тоза ва тарзи пешниҳоди хизматрасонӣ дидан намуданд
Дар оғози фестивал раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Муовини Котиби Генералии СҲИ Ҷандос Асанов суханронӣ намуда, мақсади баргузории Фестивалро густариш бахшидани фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои бо ҳам дӯст ва ба ин васила ба ҷаҳониён пешниҳоди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистони унвон намуданд.
Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии шоистаи таъриху тамаддун ва анъанаҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ, соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар идомаи ин ташаббус солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.
Зери сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи ин солҳо чорабиниҳои зиёди сатҳи милливу байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ, аз ҷумла Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе-шаҳри орзуҳо», Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони Наврўзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ», «Фестивали байналмилалии «Наврўз - мероси фарҳангию сайёҳӣ», форумҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ озмунҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд, ки барои муаррифии Ватани азизамон ва пойтахти он нигаронда шудаанд. Ин буд, ки пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Гузашта аз ин, тадбирҳои амалинамудаи Раиси муҳтарами пойтахти азизамон имкон дод, ки шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шавад, ки барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад.

240952511 212504794191549_1282030249062699426_n

241118356 212505694191459_7440357820287610148_n

241083576 212504687524893_859766454636809139_n

241139387 212504877524874_4941717414273711759_n

240984398 212505064191522_6298792921241035008_n

241080143 212505150858180_4436883069012251337_n

241132022 212504984191530_7137531923627752819_n

241139254 212505250858170_1407602451137776725_n

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19