НИММАРАФОНИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ-2022

 

278569940 348679180574109_3781950151072723248_nш.Душанбе. 16.04.2022. Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ баргузор гардид. Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

    Иштирокчиёни чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  шодбош намуда, зикр дошт, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Асотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.

   Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои  Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 имсол дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон-3, Ӯзбекистон-3, Кения-2, Эфиопия-3 ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

   Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

   Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибони Ниммарафони XII  байналмилалии Душанбе муайян гардиданд.

Миёни мардҳо:

Ҷойи якум-    Тоо Лазанес (Кения)

Ҷойи дуюм-   Фенте Ҷирма (Эфиопия)

Ҷойи сеюм-    Виталий Шафар (Украина)

Ҷойи чорум-  Кемшибеков Нурсултан (Қирғизистон)

Ҷойи панҷум- Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

Ҷойи шашум- Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)

Миёни занҳо:

Ҷойи якум -    Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

Ҷойи дуюм-    Нҷау Мэри Вангуи (Кения)

Ҷойи  сеюм-    Гулшанай Сафарова (Қирғизистон)

Ҷойи  чорум-   Екатерина Тунгушкова (Ӯзбекистон)

Ҷойи  панҷум- Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)

Ҷойи шашум-  Зуулҳиҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон)

 Қайд бояд кард, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми баланд дошта, ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил гардидааст.

  Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2021)

Мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

Занон:

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

278202280 348679337240760_7572362554483250455_n

278370778 348679907240703_2947187041179060547_n

278366624 348679257240768_3777348256698855346_n

278285667 348679470574080_1109887187082173437_n

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19