ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН АКСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

 

IMG 02001ш. Душанбе. 16.04.2022. Озмуни “Беҳтарин акси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, инъикоси маконҳои ҷолиб ва зебои шаҳри Душанбе, табдил додани шаҳри Душанбе ба шаҳри аз ҷиҳати сайёҳи пешрафта ва сохтани платформаи таблиғотию ташвиқотии сайёҳии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ баргузор карда шуд.

Озмуни тавассути саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм роҳандозӣ карда шуд. Озмуни мазкур аз санаи 2 то 14 апрели соли 2022 идома ёфт, ки дар он зиёда аз 300 нафар хоҳишмандон иштирок варзида, зиёда аз 800 адад аксҳо аз маконҳои ҷолиб ва зебои шаҳри Душанберо аксбардорӣ намуда, зери хештеки #dushanbeshahrisayohi дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстграм ирсол намуданд.

Дар натиҷа ғолибон тибқи Тартиби баргузории Озмуни “Беҳтарин акси шаҳри Душанбе”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2022, №136 тасдиқ гардидааст, санаи 14 апрели соли 2022 муайян карда шуданд, ки ғолиби ҷойи якум Замонов Айниддин Аҳлиддинович, ҷойи дуюм Садриддинзода Муҳаммад, ҷойи сеюм Нарзуллозода Муҳибулло Нусратулло ва Носирзода Шохрух Маҷид, Соқизода Меҳровар Соқи, Саъдуллоев Дидор Неъматуллоевич ва Окилов Абубакр ҳамчун иштирокчии фаъол гардиданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун санаи 16 апрели соли 2022 дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки дар “Кохи Сурӯш” баргузор гардид бо туҳфаҳои молию пулии аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омодашуда сарфароз гардонида шуданд. 

         1. Замонов Айниддин Аҳлиддинович- 2000 сомонӣ

278701246 348953647213329_6359480502784370261_n

         2. Садриддинзода Муҳаммад-1500 сомонӣ

278658477 348954740546553_4880681770484951223_n

         3. Нарзуллозода Муҳибулло Нусратулло-1000 сомонӣ

278723747 348954690546558_7330502150195464991_n

         4. Носирзода Шохрух Мачид-корти ройгони автобус ба мӯҳлати 1 сол

278325670 348954470546580_8208862217122197042_n

         5. Соқизода Меҳровар Соқи-корти ройгон ба Қасри теннис ва мачмааи варзишии обии ба    муҳлати1 моҳ

IMG 01930

         6. Саъдуллоев Дидор Неъматуллоевич - 500 сомонӣ

IMG 01960

         7. Оқилов Абубакр - 500 сомонӣ

IMG 01970


IMG 02001


 

 


 

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19