НАТИҶАҲОИ РӮЗИ СЕЮМИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ
ш.Душанбе. 27.03.2022. Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ давоми се рӯз аст, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Қайд бояд намуд, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида истода, дар он 428 намоянда аз 27 давлати қора иштирок доранд.
Чемпионат миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷараён дошта, беҳтаринҳо чунин муайян гардиданд:
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувони то 23-сола, 24км
Янина Кускова (Ӯзбекистон), 34:08.064
Бота Батирбекова (Қазоқистон), 36:40.339
Сафия Ал Саиғ (АМА), 37:02.743
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувон, 24км
Рината Султонова (Қазоқистон), 33:24.632
Делиа Приатна (Индонезия), 33:59.275
Солонго Тсеренлхам (Муғулистон), 35:04.082
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, 24км
Евгений Федоров (Қазоқистон), 28:45.197
Нариюки Масуда (Ҷопон), 29:36.745
Муродҷон Холмуродов (Ӯзбекистон), 29:58.291
28 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)
29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)
30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)