БОНУВОНИ ПОЙТАХТ ҒОЛИБИ "ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ" ГАРДИДАНД

 

bonuvon2022ш.Душанбе. 18.03.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба воллейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ, миёни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, ки дар асоси қарои Раиси шаҳри Душанбе аз 5 то 18 марти соли 2022 тасдиқ гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардорони Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ мудири бахши варзиши Раёсат ва директорони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии пойтахт иштирок доштанд.
Қайд бояд кард, ки дар мусобиқа 35 даста ба гурӯҳҳо тақсим шуда байни ҳамдигар рақобат намуданд, ки дар охир ғолибон муайян гардиданд.
Байни варзишгарони ғайрикасбӣ:
Ҷои 1- дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
Ҷои 2- дастаи ВКД ҶТ;
Ҷои 3- дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе;
Ҷои 4 - дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ.
Байни варзишгарони касбӣ:
Ҷои 1- дастаи шаҳри Душанбе-1;
Ҷои 2- дастаи ВМКБ;
Ҷои 3- дастаи вилояти Суғд;
Ҷои 4 - дастаи Душанбе 2.
Дар маросими ҷамъбаст аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе ғолибони ҷойи якуми дастаҳои касбӣ ва ғайрикасбӣ дар ҳаҷми 15410 сомонӣ, ҷойи 2 12860 сомонӣ, ҷойи 3 9460 сомонӣ ва ҷойи 4 маблағ дар ҳаҷми 4000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ, инчунин бо Ҷом, Диплом, медал, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19