ИШТИРОКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ARABIAN TRAVEL MARKET”

 

20220509 163357

 

Аз санаи 9 майи соли 2022 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилаилии “Arabian Travel Market” ба фаъолият оғоз намуд. Дар намоишгоҳи мазкур имкониятҳо ва зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 10 ширкатҳои сайёҳии ватанӣ муаррифӣ менамоянд.

Arabian Travel Market яке аз чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ба шумор меравад, ки дар он намояндагони кишварҳо икониятҳои сайёҳии худ ва субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ сатҳи хизматрасониҳои худро ба намоиш мегузоранд. Намоишгоҳи мазкур яке мавзеи асосии рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба Шарқи Наздик мебошад, ки аз соли 1991 инҷониб ҳамасола баргузор карда мешавад.

 

20220510 133942_2

 

Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилаилии “Arabian Travel Market” бори аввал аст, ки ширкат менамояд ва дар он имкониятҳои сайёҳии худ, бахусус сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, экологию куҳнавардӣ ва саргузаштию шикорро пешкаши ҷаҳониён менамояд.

Дар Намоишгоҳи мазкур ширкатҳои сайёҳии ватании ба монанди “Матин Травел”, “Silkwey Adventure” ва “Сайру саёҳат” бо мақсади ҷалиби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон бо намояндагон ширкатҳои сайёҳӣ аз кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Испания, Белгия, Хорватия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қувайт, Исроил, Малдова, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин мулоқотҳои судманд ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

20220510 111800

20220510 154605

photo 2022-05-11_13-11-13

 

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Намоишгоҳи байналмилаилии “Arabian Travel Market” то санаи 12 майи соли 2022 идома меёбад.

20220509 105730

20220509 153920

20220510 120723

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19