КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ УСТУВОР" БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ

 

309315437 417635983834396_7964849530522842885_n28.09.2022. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри имконоти рушди сайёҳии устувор» бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Ҳамасола 27 сентябр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар саросари дунё аз соли 1979 ҷашн гирифта шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва мардумони гуногуни олам мебошад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки «пойтахти Тоҷикистон ҳамчун маркази тамаддуни илму фарҳанг ва фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият оғоз намудани корхонаю ширкатҳои гуногун, бунёду таҷдиди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ, навсозии пулу роҳҳо ва боғҳо, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд, бидуни муболиға Душанберо ба пойтахти муосиру обод ва шаҳри сайёҳӣ табдил додаанд».
Имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст.
Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иброз намуд, ки «бо шарофоти сиёсати Сарвари давлат ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе пойтахт ба яке аз шаҳрҳои шинохта ва пешрафта табдил гардидааст».
Мавсуф зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Зикр гардид, ки ду сол муқаддам дар асоси қарори Шӯрои вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ Душанбе пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардид. Ин ташаббус ба густариши ҳамкорӣ бо СҲИ ва муаррифии дастовардҳои пойтахт мусоидат намуда, ба рушди сайёҳии шаҳри Душанбе такони ҷиддӣ бахшид.
Сипас аз ҷониби иштирокдорон доир ба имконияти бузурги сайёҳии шаҳри Душанбе, рушди устувори сайёҳӣ дар пойтахт, омилҳои таъсиррасони он, захираҳои сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Дар доираи ҳамоиши имрӯза озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфа ва Сипосномаи Мақомоти иҷорияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.
Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассуми сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунанд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -– шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, дар айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст.
312092166 492446119592789_528189437178735322_n
309792976 417637177167610_3273946984033013360_n
309327651 417635687167759_1622651836041253783_n
309532868 417637063834288_9054410125778342242_n
309630333 417639647167363_9109895069551621353_n
309196328 417639893834005_8637099462798193909_n

 

Нигористон

7

Пешгири аз бемории COVID 19

covid19