Регламент

Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2019, №142 таъсис ёфтааст.Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе воҳиди сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иттилоотӣ ва дигар функсияҳои дар соҳаи фаъолияти рушди сайёҳӣ муқарраргардидаро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ мемонад.Шуъба дар фаъолияти худ иҷрои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳбарӣ гирифтааст.Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи чунин аст:- ҳамоҳангсозии фаъолияти сайёҳиро дар шаҳри Душанбе амалӣ менамояд;- таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа барномаҳои соҳавиро тариқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ мемонад;- тибқи тартиби муқарраргардида озмунҳо, фестивалҳо, конференияҳо, форумҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии соҳаи сайёҳиро дар шаҳри Душанбе, инчунин чорабиниҳои дигари маърифатӣ-илмиро, ки барои анҷом додани вазифаи дар назди шуъба гузошташуда марбутанд, баргузор менамояд;- дар кори комиссияҳо, кумитаҳо, форумҳо, симпозиюмҳо, намоишгоҳҳо, озмунҳои соҳавӣ бо иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок менамояд;- манфиатҳои шаҳри Душанберо дар ташкилотҳои байналмилалии сайёҳӣ дар асоси дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намояндагӣ менамояд;- бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ робита ва ҳамкорӣ менамояд;- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Раиси шаҳри Душанберо таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе барои баррасӣ пешниҳод менамояд;- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ таклифҳоро таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд;- маълумоти омории соҳаи сайёҳиро таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд;- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст амалӣ менамояд.Шуъба дорои чунин ҳуқуқҳо мебошад:- ба лоиҳаҳои қарори Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сандаҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳияшуда, ки ба масъалаҳои сайёҳӣ иртибот доранд, хулоса медиҳад;- доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъба тариқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иттилоот дар ихтиёри онҳо бударо дархост менамояд ва нигоҳ медорад;- барои ташкилёбии ширкатҳои сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд;- барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар, олимон ва мутахассисонисоҳаро ҷалб менамояд;- аз сохторҳои дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумотҳои заруриро барои татбиқи босифати сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе тариқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост менамояд;- дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои сайёҳӣ, сифатнокӣ ва самаранокии фаъолияти меҳмонхонаҳои ҳудуди пойтахт, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар доираи гурӯҳҳои корӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таклифҳо пешниҳод менамояд;- дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ваколатдори соҳа фаъолияти муассисаву ташкилотҳое, ки тибқи иҷозатнома ба фаъолияти фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ назорат менамояд;- дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе робита бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад;- дар барномаҳои байналмилалии сайёҳӣ иштирок менамояд;- иштирок дар таҳияи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии дутурафа ва бисёртарафа дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд.