Аввалин экспонтаҳои осорхона соли 1934 дар асоси бозёфтҳои бостоншиносии Базаи Тоҷикистонии Академияи Илмҳои ИҶШС ҷамъ оварда шуда ба номоиш гузошта шуда буданд. Он ҳамагӣ 530 номгӯйро дарбар мегирифт. Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 1996 ташкил шуда, аз соли 2001 барои тамошобинон дарҳои худро боз кардааст. Дар бойгонии осорхона зиёда аз 100 ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ мавҷуд аст, ки аз аҳди давраи санг то охири асрҳои миёнаро дар бар мегирад.
Дар толорҳои осорхона изи одамони ибтидоӣ, ки аз нишемангохҳои Кулдара (800 ҳазор сол пеш аз мелод), Қаратоғ, Лоҳутӣ (600 ҳазор сол пеш аз мелод), Оби мазор (500-400 ҳазор сол пеш аз мелод) ба даст омадаанд ва инчунин ёдгориҳои Маданияти Ҳисор, ки аз тамоми манотиқи чумҳурӣ кашф шудаанд, гузошта шудааст.
Ба нахустин марказҳои тамаддун бошад ёдгории аҳди энеолит ва биринҷии Саразм, ки дар болооби Зарафшон ҳаффорӣ шудааст, алоқаманд мебошад. Инчунин дар толорҳои осорхона теъдоди зиёди бозёфтҳои аҳди биринҷӣ (маданиятҳои бостоншиносии Қайроқум, Вахш, Бишкент) гузошта шудаанд, ки ба тамаддуни мардуми кишоварз ва саҳронишин мансубанд. Тақдири таърихии одамони аҳди бостон, ки дар Тоҷикистони имрӯзӣ зиндагӣ кардаанд мушкил ва фоҷианок будааст. Дар асрҳои VI-IV пеш аз мелод Осиёи Миёна дар ҳайати шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён буд. Солҳои 30-юми асри IV пеш аз мелод ин шоҳаншоҳӣ аз тарафи Искандари Мақдунӣ, ки бо як ғолибият Осиёи Хурд, Миср, давлатҳои Шарқи Наздикро тасарруф кард, шикаста шуд. Танҳо 100 сол баъд, дар нимаи дуюми асрни III пеш аз мелод, замони мавҷудияти шоҳигарии Юнону Бохтар мардуми Осиёи Миёна ба тамаддуни гуногунҷабҳа ва боҳашамати элинӣ шинос шудаанд. Осори шаҳраки кӯҳканон Бозордара дар Помири Шарқӣ (асри XI), Мушистон дар водии Зарафшон (асрҳои X-XI), Кони Мансур дар ноҳияи Хуҷанд (асрҳои IX-XI), моҳияти муҳими илмӣ доранд. Дар асрҳои IX-XII пешрафт ва тараққиёти маданияти шаҳрӣ ва ҳунармандиробозёфтҳои Хулбук (пойтахти Хуттал), Сайёд, Лагман ва Хуҷанд муаррифӣ менамоянд.
Бояд махсусан фонди тиллоии осорхонаро қайд кард, ки онҷо нодиртарин осори заргарй, ҳунармандӣ ва сиккаҳои мутаалиқи асрҳои III пеш аз мелод ва XIX мелодӣ маҳфуз ҳастанд.
Дар байни экспонатҳои музей бозёфтҳои Саразм ва дайри будоии «Буддо дар ҳолати нирвана» дар Аҷинатеппа ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.