Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 100 сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, ҳамчун мавзеи куҳанбунёд ва дар айни замон ҷавон дар радифи шаҳрҳои бостонӣ нақши муассир гузоштааст.
Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад.
Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад.
Душанбе бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофии он чун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басо тӯлонӣ дорад.
Бостоншиносон аз ҳудуди шаҳри Душанбе бозёфтҳои таърихиеро ба даст овардаанд, ки ба ҳазорсолаҳои чоруму сеюми то милод, яъне ба асри неолит тааллуқ дошта, олимон ин давраро дар таърих «маданияти Ҳисор» номгузорӣ кардаанд.
Аз ҷумла деҳаи қадимае, ки дар мавзеи ба ҳам омадани рӯдҳои Лучобу Душанбе ҳафриёт шудааст, далели гуфтаҳои боло мебошад.
Инчунин аз ҳудуди шаҳри Душанбе асбобу олоти сангиву мисӣ ва бозёфтҳои нодири давраи асри биринҷӣ ба даст омадаанд, ки аз таърихи куҳан доштани шаҳри Душанбе далолат мекунанд.
Дар давраҳои баъдӣ ҳудуди имрӯзаи Душанбе ба ҳайати мулки Шумон шомил буда, бо ташкили давлати Сомониён дар баробари минтақаҳои дигари он мавзеи Душанбе ва водии Ҳисор низ ривоҷ пайдо кардааст.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда мубадал гардидааст.
Дар ин муддати начандон тӯлонӣ эъмор гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва биноҳои муҳташами Кохи Наврӯз ва Маҷмааи Истиқлол ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд.
Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёд гардидани Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Хайём» ва Майдони Истиқлол барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.
Ҳамаи ин бунёдкориву ободкорӣ, инчунин садҳо иморатҳои таъиноти мухталиф бо заҳмати шабонарӯзии мутахассисону коргарони ватанӣ бунёд гардидаанд. Ҳамзамон бо ин, шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои мухталиф ба бисёр дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ва шоёни таҳсин ноил шудааст.
Шаҳри Душанбе дар зарфи 100 сол ба маркази бузурги илму маърифат, шаҳри ормону орзуи миллионҳо нафар тоҷикони бурунмарзӣ табдил ёфта, ҳамчун макони баргузории чорабиниву ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ, симпозиуму конфронсҳо ва мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони кишварҳои гуногуни олам эътибори хоса пайдо кардааст.
Воқеан, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ташаккулёбӣ ва ба ҳам омадани нерӯҳои созандаи кишвар нақши муассир дорад, зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа худ кафили осоиши тамоми каламрави мамлакат мебошад.
Шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон нафар шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик, аз ҷумла қаҳрамонони Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ҳар яки онҳо барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд.
Имрӯз дар пойтахт неруҳои асосии илмиву техникӣ ва фарҳангиву адабии мамлакат муттаҳид гардида, дар рушду тараққиёти илму фарҳанги ватанӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.
Имрӯз шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ ва Форуми шаҳрдорони Осиё буда, бо 22 шаҳрҳои азими дунё муносибатҳои дӯстонаву бародарона барқарор намудааст.
Шаҳри Душанбе ҳамчунин дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг бо як қатор шаҳрҳои ҷаҳон, аз ҷумла Москваи Федератсияи Русия, Пекин, Ханҷоу, Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкориҳои судманд дорад.
Соли 2012 маҳз бо дарназардошти ҷавобгӯ будан ба талаботи институтҳои Созмони Милали Муттаҳид шаҳри Душанбе дар радифи шаҳрҳои бузурги дунё ба мукофоти олии ин созмони бонуфуз - Ҷоизаи Шаҳри сулҳи ЮНЕСКО сарфароз гардонида шуд.
Роҳбарияти шаҳр барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинон, фаъолияти босамари намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, корхонаву муассисаҳо ва будубоши мусоиду бофароғати меҳмонон тамоми шароитро муҳайё месозад.
Имрӯз дар пойтахт чунин фазое фароҳам оварда шудааст, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёди тоҷикро дорад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаро эҳсос менамояд.
Шаҳри Душанбе минбаъд низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар мавқеи пешоҳангиро нигоҳ медорад.
Пойтахти кишвар дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар самти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили муассисаҳои иҷтимоӣ, тозаву озодагии кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғу майдонҳо ҳамеша барои дигар шаҳру ноҳияҳо намунаи ибрат бояд бошад, зеро аз қадимулайём рисолати пойтахт чунин буд ва дар оянда низ чунин хоҳад монд.