Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ


Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе яке аз бузургтарин ва муосиртарин иншооти варзишию фароғатии давраи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин маҷмааи азим соли 2020 мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамчун рамзи рушди барсохтори варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва сиёсати варзишпарваронаи давлат мақоми хос дорад.

Маҷмаа дар майдони тақрибан 10 гектар бунёд гардида, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони он ҳанӯз аз соли 2012 оғоз ёфта буданд. Дар татбиқи ин тарҳи бузурги муҳандисиву меъморӣ мутахассисони баландихтисоси 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузошта, таҷрибаи байналмилалӣ бо меъёрҳои миллии сохтмон ҳамоҳанг карда шудааст. Ин омезиш ба бунёди як маҷмааи ҷавобгу ба талаботи ҷаҳонии варзишӣ мусоидат намудааст.

Қасри теннис қисми марказии маҷмааро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат мебошад ва дар масоҳати беш аз 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Дар дохили он 3 майдони муосири теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзишӣ ва машқӣ, инчунин, ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ва омодагии варзишгарон ҷой дода шудаанд. Қаср барои зиёда аз 3 ҳазор тамошобин пешбинӣ гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт мебошад, ки ба танзими ҳаракат ва бароҳатии меҳмонон мусоидат мекунад.

Дар шафати қасри асосӣ 8 майдони тенниси кушод бунёд ёфтааст, ки яке аз онҳо дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад. Ин майдонҳо имконият медиҳанд, ки ҳам мусобиқаҳои касбӣ ва ҳам тамринҳои оммавӣ баргузор гарданд. Бо ин васила, маҷмаа на танҳо макони баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, балки маркази рушди тенниси оммавӣ дар кишвар низ мебошад.

Қисми дигари иншоотро қасри барои навъҳои мухталифи варзиши обӣ ташкил медиҳад. Он дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат аст. Баландии бино 27 метрро ташкил дода, меъмории он дар сабки муосир сохта шудааст. Ин қаср барои қариб 2500 тамошобин пешбинӣ шуда, шароити баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯйи шиноварӣ, ҷаҳиш ба об ва дигар намудҳои варзиши обиро фароҳам меорад.

Илова бар ин, дар ҳудуди маҷмаа ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст бунёд гардидааст, ки махсусан, дар фасли тобистон ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил меёбад. Дар маҷмаа 27 лифт мавҷуд аст, ки ҳаракати осон ва дастрасиро барои варзишгарон, тамошобинон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд таъмин менамояд.

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе дар радифи иншооти варзишӣ, боз ҳамчун як маркази муҳимми фароғат, истироҳат ва тарбия ба ҳисоб меравад. Дар ин маҷмаа мусобиқаҳои варзишӣ,  машқҳои варзишгарони касбӣ ва истироҳати фаъолонаи шаҳрвандон баргузор мегарданд. Маҷмаа нақши муҳим дар тарбияи насли ҷавон, мустаҳкам намудани саломатии ҷомеа ва боло бурдани нуфузи варзишии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебозад.

Ба ин тартиб, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ҳамчун дастоварди муҳимми даврони истиқлол, намунаи ҳамоҳангии меъмории муосир ва сиёсати давлатии кишвар дар самти варзиш ва яке аз иншоотҳои ҷолиби пойтахт ба ҳисоб меравад.