Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино яке аз бузургтарин мутафаккирон, олимон ва табибони таърихи тамаддуни башарӣ маҳсуб ёфта, номи ӯ дар сафи чеҳраҳои барҷастаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст. Ӯ соли 980 милодӣ дар шаҳри бостонии Бухоро, ки пешрафта ва марказии тоҷикон буд, ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ, зодаи шаҳри Балх буда, барои анҷом додани корҳои дарбории давлати Сомониён ба Бухоро омада буд. Ӯ шахси соҳибмаърифат ва дӯстдори илм маҳсуб мешуд ва дар ташаккули ҷаҳонбинии фарзандаш нақши назаррас бозид. Модари Абуалӣ ибни Сино — Ситорабону, зодаи деҳаи Афшана дар наздикии Бухоро буд.
Абуалӣ ибни Сино дар рушд ва такомули бисёр илмҳо саҳми бунёдӣ гузоштааст. Фалсафа, мантиқ, тиб, ҳандаса, илми коинот (астрономия), ботаника, физика, химия ва дигар соҳаҳои табиатшиносӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ӯ дар онҳо осори арзишманд офаридааст. Олимон ва муҳаққиқони муосир шумораи асарҳои Ибни Синоро беш аз 450 адад арзёбӣ мекунанд, ки онҳо ба 29 соҳаи гуногуни илмӣ бахшида шудаанд. Ин далел худ гувоҳи он аст, ки ибни Сино ҳамчун олими донишноманавис дар таърихи илму фарҳанг мақоми хос дорад.
Дар ташаккул ва рушди илмии Абуалӣ ибни Сино давлати Сомониён нақши бориз бозидааст. Дар ин давра Бухоро ба маркази бузурги илму маърифат табдил ёфта, китобхонаҳои ғанӣ ва маҳфилҳои илмӣ фаъолият мекарданд. Аз ҷумла, китобхонаи машҳури он давра бо номи «Савонеҳ-ул-ҳикмат» дорои ганҷинаи бузурги осори илмӣ буд. Баъди он ки Абуалӣ ибни Сино амири Сомониёнро табобат намуд, ин китобхона ба ихтиёри ӯ дода шуд. Ҳамин тариқ, ба донишманди ҷавон шароити нодир фароҳам омад, то осори бузургони гузашта ва муосирро мутолиа намуда, дониши худро боз ҳам такмил диҳад.
Муҳимтарин асарҳои офаридаи Ибни Сино «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Китобу-н-Наҷот», «Китобу-ш-Шифо» ва амсоли ин мебошанд, ки ба ташаккули маънавиёти кишварҳои Шарқу Ғарб таъсири амиқ гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, истеъдоди нодири Ибни Сино пеш аз ҳама, дар соҳаи тиб ба авҷи камол расидааст. Асари машҳури ӯ «Ал-қонун фи-т-тиб» яке аз бузургтарин дастовардҳои илми тиб дар таърихи башарият ба шумор меравад. Ин китоб ба муаллиф шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, тули асрҳо ҳамчун манбаи асосӣ ва дастури муътамади тиббӣ истифода мешуд. Дар «Ал-қонун фи-т-тиб» масъалаҳои ташхис, табобат, дорушиносӣ ва пешгирии бемориҳо бо усули илмӣ баён шудаанд.
Мардуми Аврупо бо ин асар аз асри XII, баъди тарҷумаи он ба забони лотинӣ, ошно гардиданд. Дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо «Ал-қонун фи-т-тиб» ҳамчун китоби дарсӣ тадрис мешуд. Танҳо дар асрҳои XV–XVI ин китоб зиёда аз 35 маротиба ба нашр расидааст, ки гувоҳи нуфузи фарогир ва аҳаммияти бузурги илмии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Абуалӣ ибни Сино соли 1015 ба шаҳри Ҳамадон кучида, то охири умр дар ҳамин ҷо сукунат намуд. Ӯ дар ин шаҳр ба фаъолияти илмӣ, табобат ва эҷоди асарҳои худ идома дода, соли 1037 аз олам даргузашт. Мероси илмии ӯ то имрӯз мавриди омузишқарор дошта, ҳамчун сарчашмаи муҳим барои рушди илм хизмат мекунад.
Бо мақсади гиромидошт ва пос доштани хотираи ин олими бузург, соли 2012 муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби ҳайкалтарош Мухторов Ш. аз санги хороии сунъӣ сохта шуда, дар боғи фарҳангию фароғатӣ гузошта мешавад. Дар асари ҳунарӣ ибни Сино дар ҳоли нишаста ва андешаронӣ тасвир ёфтааст. Китобҳое, ки дар назди ӯ ҷойгир шудаанд, рамзи илму дониш ва фаъолияти илмии ӯ буда, дарахти дар пушташ тасвирёфта рамзи ҳаёт, рушд ва ҷовидонии эҷодиёти ӯ маҳсуб меёбад.
Муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино на танҳо як ёдгории ҳунарӣ, балки таҷассумгари рамзии андешаи амиқ, дониш, хирад ва ҷойгоҳи баланди ин олими барҷаста дар таърихи тамаддуни башарӣ мебошад.