Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик, одамушшуаро, султони шоирон ва қофиласарои шеър буда, рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакенти имрӯза ба дунё омада, фаъолияти эҷодиаш дар муҳити илму адаби Сомониён вусъат мегирад. Бояд тазаккур дод, ки давлати Сомониён муҳимтарин давлат дар таърихи Осиёи Миёна мебошад, ки ба илм ва фарҳангу тамаддун диққати хосса дошт. Ҳамин буд, ки дар замони онҳо шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба бузургтарин марказҳои илму адаб табдил ёфтанд. Амирони Сомонӣ шоирону олимонро гиромӣ дошта, онҳоро ба дарбор ҷалб мекарданд ва барои фаъолияти олимон шароити мусоид фароҳам оварда буданд, ки китобхонаи “Савонеҳ-ул-ҳикмат” далели равшани он мебошад. Ҳамин буд, ки дар замони Сомониён олимоне чун А. Рӯдакӣ, Ибни Сино, А. Фирдавсӣ, А. Берунӣ, Балъамӣ ва дигарон парвариш ёфта, дар ташаккули тамаддуни башарӣ нақши муассир гузоштаанд.
Ҳамин тариқ, Рӯдакӣ соли 914 ба дарбори шоҳи Сомониён Насри II ҷалб гардида, муддате ҳамчун шоири дарбор фаъолият менамояд.
А. Рӯдакӣ аввалин устоди сухан аст, ки шеъри тоҷикиро аз ҷиҳати бузургӣ тахтнишин кард, роҳи рушди ояндаи онро нишон дод. Шоир ба забони ноби тоҷикӣ ашъоре офарид, ки сухансанҷонро дар ҳайрат гузошт. Устод Рӯдакӣ муаллифи достонҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Даврони офтоб», қасидаҳои «Модари май», «Шикоят аз пирӣ», ғазалиёту рубоиёт, қитъаот ва дигар навъҳои шеърӣ мебошад. Дар осори Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, сулҳу накӯкорӣ, дӯстиву рафоқат ва илму дониш тараннум мешаванд. Панду андарзҳои шоир, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил мекунанд. Бинобар ин, ки панду андарзи ӯ то имрӯз дар рӯзгори мардум баҳри пешрафти ҳаёт ва тарбияи насли ҷавон хизмат менамоянд.
Яке аз нуқтаҳои ҷолиби ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ ин аст, ки ӯ дар овони хурдсолӣ дар баробари дигар илмҳо Қуръонро пурра аз бар намуда буд. Ҳамзамон, Рӯдакӣ шеърҳои эҷоднамудаашро бо лаҳни ширини мусиқӣ месароид. Ин баёнгари равшанфикрии Рӯдакӣ ва ҷойгоҳи мусиқӣ дар ташаккули фикрронии инсонҳо мебошад.
А. Рӯдакӣ соли 941 дар зодгоҳи худ аз олам чашм мепушад ва қабри ӯ дар солҳои 50-уми асри XX аз ҷониби бостоншиносон таҳқиқ мегардад. Гуруҳи муҳаққиқонро симошинос М.М. Герасимов ҳамроҳӣ намуда, дар таҳқиқи симоӣ А. Рӯдакӣ саҳми арзанда мегузорад. Маҳз, М. Герасимов дар асоси боқимондаи косахонаи сар симои шоири барҷаста А. Рӯдакиро муайян ва барқарор менамояд.
Баҳри пос доштан ва арҷгузорӣ ба шоир ва мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҷассамаи ӯ соли 1964 аз ҷониби ҳайкалтарош Абдураҳмонов А. ва меъмор Ҳусейнов К. аз биринҷӣ ва санги хоро сохта мешавад. Муҷассамаи шоир дар ҳоли барқад сохта шуда, дар як даст асо ва дасти дигар каме ба боло бардоштааст, ки рамзҳои амиқ дорад. Пеш аз ҳама, дар ҳоли барқад тасвир шудани шоир рамзи бузургии миллӣ ва таърихии Рӯдакиро инъикос менамояд. Ҳолати дастҳо ва асо баёнгарӣ таҷриба ва хиради шоир, инчунин даъвати ӯ ба сӯйи андеша, бедорӣ ва пешрафт мебошад. Мавриди зикр аст, ки муҷассама мутобиқ ба симои барқарорнамудаи Герасимов М. дар асоси косахонаи сар мебошад. Ин муҷассама ҳамчун рамзи эҳтиром ба илму адаб, шеър ва суханварӣ дар назди донишгоҳ гузошта шудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки айни ҳол мақбараи А. Рӯдакӣ дар Панҷрӯд воқеъ буда, он соли 2008 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва ба маҷмааи таърихию фарҳангӣ табдил ёфтааст.