Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик, одамушшуаро, султони шоирон ва қофиласарои шеър буда, рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакенти имрӯза ба дунё омада, фаъолияти эҷодиаш дар муҳити илму адаби Сомониён вусъат мегирад. Бояд тазаккур дод, ки давлати Сомониён муҳимтарин давлат дар таърихи Осиёи Миёна мебошад, ки ба илм ва фарҳангу маданият диққати хосса дошт. Ҳамин буд, ки дар замони онҳо шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба бузургтарин марказҳои илму адаб табдил ёфтанд. Амирони Сомонӣ шоирону олимонро гиромӣ дошта, онҳоро ба дарбор ҷалб мекарданд ва барои фаъолияти олимон шароити мусоид фароҳам оварда буданд, ки китобхонаи “Савонеҳ-ул-ҳикмат” далели равшани он мебошад. Ҳамин буд, ки дар замони Сомониён олимоне чун А. Рӯдакӣ, Ибни Сино, А. Фирдавсӣ, А. Берунӣ, Балъамӣ ва дигарон парвариш ёфта, дар ташаккули тамаддуни башарӣ нақши муассир гузоштаанд. Ҳамин тариқ, Рӯдакӣ соли 914 ба дарбори шоҳи Сомониён Насри II ҷалб гардида, муддате ҳамчун шоири дарбор фаъолият менамояд.
А. Рӯдакӣ аввалин устоди сухан аст, ки шеъри тоҷикиро аз ҷиҳати бузургӣ тахтнишин кард, роҳи рушди ояндаи онро нишон дод. Шоир ба забони ноби тоҷиктӣ ашъоре офарид, ки сухансанҷонро дар ҳайрат гузошт. Устод Рӯдакӣ муаллифи достонҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Даврони офтоб», қасидаҳои «Модари май», «Шикоят аз пирӣ», ғазалиёту рубоиёт, қитъаот ва дигар навъҳои шеърӣ мебошад. Дар осори Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, сулҳу накӯкорӣ, дӯстиву рафоқат ва илму дониш тараннум мешаванд. Панду андарзҳои шоир, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил мекунанд. Ин аст, ки панду андарзи ӯ то имрӯз дар рӯзгори мардум баҳри пешрафти ҳаёт ва тарбияи насли ҷавон хизмат менамоянд.
Яке аз нуқтаҳои ҷолиби ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ ин аст, ки ӯ дар овони хурдсолӣ дар баробари дигар илмҳо Қуръонро пурра аз бар намуда буд. Ҳамзамон, Рӯдакӣ шеърҳои эҷоднамудаашро бо лаҳни ширини мусиқӣ месароид. Ин баёнгари равшанфикрии Рӯдакӣ ва ҷойгоҳи мусиқӣ дар ташаккули фикрронии инсонҳо мебошад.
А. Рӯдакӣ соли 941 дар зодгоҳи худ аз олам чашм мепушад ва қабри ӯ дар солҳои 50-уми асри XX аз ҷониби бостоншиносон таҳқиқ мегардад. Гурӯҳи муҳаққиқонро симошинос М.М. Герасимов ҳамроҳӣ намуда, дар таҳқиқи симоӣ А. Рӯдакӣ саҳми арзанда мегузорад. Маҳз, М. Герасимов дар асоси боқимондаи косахонаи сар симои шоири барҷаста А. Рӯдакиро муайян ва барқарор менамояд.
Муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2008 аз ҷониби Рукавишников В. ва Шарипов С. ба муносибати 1150-солагии Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс А. Рӯдакӣ эъмор гардида, дар боғ гузошта шудааст. Муҷассама дар маркази боғ барқад истода, дар пушти он аркаи мунаққаш бо нақшу нигори миллӣ қомат афрохтааст. Атрофи муҷассама дорои фаввораҳо ва майдончаҳои истироҳатӣ мебошад, ки дар маҷмуъ як маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатиро ба бор овардаанд. Дар муҷассама овони ҷавонии шоир дар ҳоли қироати шеърҳои тозаэҷод тасвир гардидааст. Ин муҷассама ҳамчун ёдгории монументалии шаҳри Душанбе дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки баҳри арҷгузорӣ ба шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи ӯ гузошта шудааст, ки он дар заминаи боғи ба номи В.И. Ленин бунёд гардида, соли 2007 ба фаъолият оғоз намудааст. Боғ масоҳати зиёда аз 19 гектарро дар бар гирифта, бо дарахтони ватанию хориҷӣ ороиш ёфтааст.