Садриддин Айнӣ (1878-1954) яке аз бузургтарин адибон, мутафаккирон ва равшанфикрони халқи тоҷик ба шумор рафта, поягузори адабиёти муосири тоҷик ва асосгузори насри воқеънигории он мебошад. Ӯ бо фаъолияти адабӣ, илмӣ ва иҷтимоии худ дар ташаккул ва рушди худшиносии миллӣ, забон, фарҳанг ва адабиёти тоҷик нақши таърихӣ бозидааст.
Дар оғози асри ХХ Садриддин Айнӣ ба ҳаракати маорифпарварӣ ва ҷадидия ҳамроҳ шуда, бар зидди ҷаҳолат, зулм ва ақибмондагии иҷтимоӣ мубориза мебарад. Ӯ яке аз фаъолони равшанфикри замони худ буд, ки ислоҳоти соҳаи маориф, густариши дониш ва бедории шуури мардумро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор дода буд. Барои андешаҳои пешқадамаш Айнӣ борҳо таъқиб гардида, ҳатто ба шиканҷа дучор шудааст, аммо ҳеҷ гоҳ аз мавқеи худ даст накашидааст.
Асарҳои насрии ӯ, аз қабили «Одина», «Дохунда», «Марги судхур», «Ғуломон» ва махсусан «Ёддоштҳо» воқеияти зиндагии халқи тоҷикро дар давраи аморати Бухоро ва солҳои аввали асри ХХ бо сабки воқеънигорӣ ва равшани иҷтимоӣ инъикос мекунанд. “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ” аз асарҳои муҳимми таърихии ӯ ба шумор рафта, муборизаи халқи тоҷикро барои озодӣ ва адолати иҷтимоӣ нишон медиҳад.
Ҳамзамон, Садриддин Айнӣ дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон иштироки фаъол намуда, дар таъсиси Тоҷикистони Шуравӣ ва шинохти миллати тоҷик саҳми арзанда гузошт. Ӯ аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони Шуравӣ ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик мебошад. Соли 1997 ба хотири хизматҳои арзандааш ба С. Айнӣ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки ин маҷмааи монументалӣ соли 1978 ба хотири гиромидошти 100-солагии шоир, нависанда ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ сохта шудааст. Муҷассамаҳои ин маҷмааро ҳайкалтарош Элдаров О.Г. ва меъморон Агаронов А.П. ва Каримов Р.Д. эъмор намудаанд. Муҷассамаҳои ин маҷмаа аз гранит ва биринҷӣ сохта шуда, аз се нигоришот, ки ҳашт муҷассамаро дар бар мегирад таркиб ёфта, мавқеи марказӣ ба қаҳрамони асосии асар С. Айнӣ бахшида шудааст.
Нигоришоти аввал аз се муҷассама иборат аст, ки дар ҳоли набард кардан қарор доранд. Дар он марди якум афтида дар даст тапонча дорад, ки ба тарафи ду марди нигар равона шудааст. Мардҳои муқобил бошанд ҳарду як милтиқро дошта, ба тарафи марди афтида нигоҳ медоранд. Нигоришоти дигар низ, аз се муҷассама иборат буда, марди дар марказ ба василаи тела додани сангҳо ду марди канораҳоро пахш карда афтонида истодааст. Нигоришоти сеюм аз ду муҷассама иборат аст, ки дар он як нафар афтидааст ва нафари дуюм дасташро ба тарафи ӯ дароз намудааст.
Намодҳои муҷассамаҳои ин нигоришот ифодагари муборизаи мардуми меҳнаткаш бар зидди истисморгарон, раҳои аз зери зулм ва ҷоннисорӣ барои расидан ба озодӣ мебошанд.
Сохтани чунин композитсияҳо дар атрофи муҷассамаи қаҳрамони асосӣ С. Айнӣ баҳри ифодаи воқеии мазмуни асарҳо, тафаккур ва раванди ҳаёти ӯ дар давраҳои мухталиф мебошад. Зеро Айнӣ дар замони худ пайваста бар зидди зулму ситам мубориза бурда, табақаи заҳматкашро ҷонибдорӣ мекардааст. Ӯ дар асарҳои худ зиндагии мардуми меҳнаткаш, адолати иҷтимоӣ ва мубориза барои озодӣ ва ҳақиқатро инъикос намуда, ин мафкураро дар байни ҷомеа тарғиб менамуд.