Садриддин Айнӣ (1878 — 1954) яке аз бузургтарин адибон, мутафаккирон ва равшанфикрони халқи тоҷик ба шумор рафта, поягузори адабиёти муосири тоҷик ва асосгузори насри воқеънигории он мебошад. Ӯ бо фаъолияти адабӣ, илмӣ ва иҷтимоии худ дар ташаккул ва рушди худшиносии миллӣ, забон, фарҳанг ва адабиёти тоҷик нақши таърихӣ бозидааст.
Мавриди зикр аст, ки Садриддин Айнӣ соли 1878 дар Аморати Бухоро ба дунё омада, то соли 1920 дар Бухоро зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Давраи зиндагии ӯ дар Бухоро бо шароити мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии замон рост меояд. Дар ҳамин давра устод Айнӣ ҳамчун яке аз намояндагон ва роҳбарони фаъоли ҷараёни ҷадидия шинохта мешавад. Ҷараёни ҷадидия, ки реша дар андешаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш дошт, дар ибтидои асри ХХ ба як ҳаракати иҷтимоӣ ва сиёсӣ мубаддал гардида, бар зидди ҷаҳолат, зулм ва истибдоди ҳукумати аморати Бухоро равона шуда буд. Ин ҳаракат ғояҳои равшанфикрӣ, маорифпарварӣ, адолати иҷтимоӣ ва бедории миллиро таблиғ менамуд.
Нақши Садриддин Айнӣ дар ин ҷараён бисёр муассир буд. Ӯ тавассути эҷодиёти адабӣ, мақолаҳо ва фаъолияти ҷамъиятии худ ба ташаккули ғояҳои инсондӯстӣ, рафоқат, эҳтиром ба илму дониш ва худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Маҳз аз ҳамин давра фаъолияти ӯ ҳамчун нависанда ва мутафаккир оғоз гардида, минбаъд дар таъсис ва таҳкими пояҳои Тоҷикистони Шуравӣ саҳми арзанда мегузорад.
Соли 1920 Садриддин Айнӣ ба шаҳри Самарқанд кучида, зиндагӣ ва фаъолияти худро дар Самарқанд ва баъдан дар Душанбе идома медиҳад. Дар ин марҳила ӯ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди илму фарҳанг ва ташаккули адабиёти муосири тоҷик нақши калидӣ мебозад. Аз ҷумла, асарҳои машҳури ӯ чун «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи амирони манғит», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ», «Марги судхур», «Мактаби куҳна», «Одина» ва амсоли ин, аз муҳимтарин дастовардҳои адабиётшиносӣ ва насри воқеънигории тоҷик ба шумор мераванд. Дар ин асарҳо Айнӣ намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ, воқеаҳои муҳимми таърихӣ, муборизаи мардум барои адолат ва озодӣ, инчунин, ҳаёти иҷтимоии халқи тоҷикро бо забони равон ва сабки воқеъбинона инъикос намудааст. Дар миёни асарҳои эҷодкардаи ӯ “Намунаи адабиёти тоҷик” мақоми махсус дорад, ки он дар давраи тақсимоти марзӣ-маъмурӣ (194-1929) навишта шуда, дар бораи беш аз 130 нафар олимону мутафаккирони тоҷик, ки дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна ба дунё омадаанд, маълумот медиҳад. Бо ин асар С. Айнӣ миллати тоҷикро дорои таърихи куҳан ва фарҳангу тамаддуни ғанӣ нишон дода, собит намуд, ки тоҷикон бояд давлат дошта бошанд.
Садриддин Айнӣ аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, аз соли 1951 то охири умр ин масъулияти баландро бар уҳда дошт.
Садриддин Айнӣ соли 1954 аз дунё гузашт, аммо номи ӯ ҳамчун рамзи бедории миллӣ, худшиносӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон ҷовидона боқӣ монд. Осори гаронбаҳои ӯ имрӯз низ барои тарбияи насли наврас, таҳкими ҳувияти миллӣ ва шинохти таърихи халқи тоҷик аҳаммияти бузург дорад.
Муҷассамаи Садриддин Айнӣ соли 1960 аз ҷониби муҷассамасози маъруфи Шуравӣ Е.А. Татарина офарида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки муҷассама соли 1977 аз майдони ба номи С. Айнӣ ба ҷойи кунунӣ интиқол дода шуд, то дар гирду атрофи он маҷмааи пурраи фарҳангии иборат аз боғ, амфитеатр ва унсурҳои меъмории барои истироҳат мувофиқ бунёд гардад. Дар муҷассама устод Айнӣ дар ҳоли нишаста, дар ҳоли андешаронӣ бо салобати хос тасвир гардидааст.
Аз соли 1960 то имрӯз боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳайкали устод Айнӣ, ки ба ифтихори хизматҳои Айнӣ сохта шудаанд, ҳамчун рамзи муҳаббат ба илму маърифат, ҷустуҷӯйи адолат, мубориза бо зулму нодонӣ ва амсоли ин хизмат мекунанд.