Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ


Абдураҳмони Ҷомӣ (1414–1492) яке аз бузургтарин шоирон, мутафаккирон ва орифони асри XV ба шумор меравад. Ӯ дар шаҳри Нишопур ба дунё омада, бештари умри худро дар маркази муҳимми илмиву фарҳангии замона, яъне шаҳри Ҳирот сипарӣ намудааст. Ҷомӣ на танҳо шоир, балки ҳамчун донишманди фарогир дар рушди минбаъдаи илмҳои нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиёт, мусиқӣ, ирфон ва ахлоқ саҳми басо арзанда гузоштааст.

Яке аз асарҳои маъруфи ӯ “Нафаҳот-ул-унс” мебошад, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти беш аз 650 нафар олимон, шайхони тасаввуф ва шахсиятҳои маъруф ба қалам омадааст. “Фавоид-уз-зиёия” ба масоили сарфу наҳви забони арабӣ бахшида шудааст, “Баҳористон” — асаре ахлоқию тарбиявӣ дар руҳияи некӣ, ростқавлӣ ва камолоти инсон ва маҷмуаи маснавиҳои маъруфи ӯ “Ҳафт авранг” аз ҳафт достони бадеӣ иборат аст, аз зумраи дигар асарҳои Ҷомӣ мебошанд, ки то имрӯз дар миёни ҷомеа мақоми худро ҳифз намудаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ бо хоксорӣ, ахлоқи ҳамида ва дониши амиқу нотакрори худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.

Алишери Навоӣ шоир, мутафаккир, донишманд ва ҳомии бузурги илму адаб буда, ҳамчун асосгузори адабиёти классикии халқи узбек мақоми баланд дорад. Ӯ бо чандин забон, аз ҷумла туркӣ ё худ узбекии қадим (чағатоӣ), форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Аз ҷумлаи асарҳои машҳури ӯ «Хамса», «Маҳбуб-ул-қулуб», «Лисон-ут-тайр» ва девонҳои сершумори шеърӣ мебошанд. Навоӣ ҳамзамон шахсияти фаъоли давлатӣ буд ва бо ташаббусҳои худ дар рушди маориф, фарҳанг ва дастгирии аҳли илму адаб нақши муҳим бозидааст.

Дӯстии самимии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар шаҳри Ҳирот шакл гирифта, ба яке аз намунаҳои барҷастаи робитаҳои маънавию фарҳангӣ дар таърихи Шарқ табдил ёфтааст. Ҷомӣ барои Навоӣ на танҳо дӯст, балки устод ва роҳнамои маънавӣ маҳсуб мешуд. Навоӣ ба Ҷомӣ эҳтироми беандоза дошта, ӯро «устоди комил» мешуморид. Дар навбати худ, Ҷомӣ истеъдод, заковат ва қудрати эҷодии Навоиро баланд арзёбӣ намуда, аз фаъолияти адабии ӯ ҳамаҷониба пуштибонӣ мекард. Навоӣ дар бисёр осори худ Ҷомиро бо муҳаббат ва эҳтироми хос ёд намуда, бархе аз асарҳояшро бо маслиҳат ва таъсири бевоситаи ӯ офаридааст.

Маҳз, ба хотири гиромидошти дӯстии ин ду нобиғаи адабиёт соли 2019 муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Ғ. Ҷураев сохта шуда, дар боғи фарҳангию фароғатӣ гузошта шуд. Ҳамзамон, ин боғ ба номи онҳо номгузорӣ гардид. Дар атрофи муҷассамаи ин ду мутафаккири барҷаста нигоришоти дигар низ сохта шудаанд, ки аксарияти онҳо аз муҷассамаҳои пирамард ва набера иборат буда, дар ҳоли китоб хондан ва таълим гирифтан тасвир гардидаанд. Ин ҳайкалҳо низ рамзӣ буда, баёнгари мактаби устоду шогирд, гирифтани таҷриба аз пирони хирад ва рағбати зиёд ба илму дониш мебошад, ки ин амалҳо бевосита дар муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ дида мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тоҷикон ва узбекон ду халқи бародаре буда, тули садсолаҳо дар канори ҳам зиста, равобити наздики дӯстӣ ва  фарҳангӣ доштаанд ва дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи олии ин ҳамбастагӣ маҳсуб мешавад.

Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ҳамчун ду сутуни устувори адабиёти Шарқ бо дӯстӣ ва ҳамкории самимии худ ба пешрафти адабиёт, фарҳанг ва ташаккули андешаи инсонгароёна таъсири амиқ гузоштаанд. Робитаи онҳо имрӯз низ ҳамчун рамзи дӯстии ҳақиқӣ, эҳтироми мутақобил ва ваҳдати фарҳангҳо аҳаммияти бузурги таърихию маънавӣ дорад.