Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ


Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои бонуфуз ва таърихии фарҳангии кишвар ба шумор рафта, дар ташаккул ва рушди санъати касбии мусиқӣ-саҳнавии тоҷик нақши ҳалкунанда бозидааст. Ин театр на танҳо маркази эҷодӣ, балки рамзи худшиносии фарҳангӣ, пайванди анъанаҳои миллӣ бо санъати ҷаҳонӣ ва ёдгории муҳимми меъмории асри XX мебошад.

Таърихи пайдоиши ин театр ба солҳои 30-юми қарни XX бармегардад. Дар соли 1936 дар шаҳри Душанбе Театри мусиқии тоҷик таъсис ёфт, ки ҳадафи асосии он ташаккули санъати мусиқӣ ва саҳнавии миллӣ дар заминаи анъанаҳои халқӣ буд. Дар солҳои аввали фаъолият театр бештар ба намоишҳои мусиқӣ, операҳои халқӣ ва асарҳои саҳнавие такя мекард, ки бар пояи эҷодиёти шифоҳии халқ, достонҳо ва таърихи мардум офарида мешуданд. Театр ар заминаи ташаккул ёфтани театри мусиқӣ пайдо гардида, соли 1954 ба номи С. Айнӣ гузошта мешавад. Мавриди зикр аст, ки Садриддин Айнӣ асосгузори адабиёти муосири тоҷик, мутафаккир, нависанда, олим ва арбоби барҷастаи фарҳанги миллати тоҷик буда, дар таъсиси Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст. Ин номгузорӣ рамзи эътирофи нақши Айнӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик буд. Осори Айнӣ аз ҷумла, «Дохунда», «Одина», «Марги судхур» ва «Ёддоштҳо», дар ташаккули андешаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа таъсири амиқ гузоштаанд.

Ҳамин тариқ, соли 1971 театр бо дарназардошти дастовардҳои баланди эҷодӣ, саҳми арзанда дар рушди санъати касбӣ ва тарбияи кадрҳои миллӣ унвони “академӣ”-ро сазовор гардид. Ин мақом театрро ба яке аз муассисаҳои пешқадами фарҳангии ҷумҳурӣ ва минтақа табдил дод.

Мавриди зикр аст, ки бинои театр ҳануз дар соли 1946  аз ҷониби меъморони номвари Шуравӣ В. Голи, А. Юнгер ва С. Захаров  бунёд гардида буд. Бинои театр намунаи барҷастаи меъмории нимаи асри XX буда, дар он унсурҳои классикии меъмории аврупоӣ бо ороишоти миллӣ ҳамоҳанг шудаанд.

Даромадгоҳи асосии театр бо сутунҳои баланд, пешайвон ва зинапояҳои паҳновари симметрӣ аз ду ҷониб оро ёфтааст, ки биноро шукӯҳ ва тантанаи хос бахшидааст.
Дохили бино аз толори калони тамошо, саҳнаи муҷаҳҳаз, пешайвон, толорҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои эҷодӣ иборат буда, бо нақшу нигорҳои миллии тоҷикӣ, унсурҳои гачкорӣ, ороишоти ранга ва ҷузъиёти бадеӣ зиннат ёфтааст. Ҷузъҳои меъморӣ ба тақвият бахшидани завқи зебоипарастии тамошобинон ва зебоии театр равона гардидааст.  

Яке аз саҳифаҳои бисёр муҳим дар таърихи театр ба нахустин намоиши он марбут аст. Аввалин асари саҳнавие, ки дар театр ба намоиш гузошта шуд, ба қаҳрамони халқӣ ва муборизи роҳи озодӣ ва адолат Восеъ бахшида шуда буд. Ин интихоби мавзуъ рамзи равшани пайванди театр бо таърихи халқ, ормонҳои иҷтимоӣ ва руҳи муборизаи мардум ба шумор мерафт.

Намоиши «Восеъ» на танҳо як рӯйдоди фарҳангӣ, балки падидаи муҳимми худшиносии миллӣ гардид ва нишон дод, ки театри тоҷик метавонад қаҳрамонони таърихии худро дар сатҳи баланди бадеӣ муаррифӣ намояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар қатори асарҳои миллӣ ба монанди асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ, Солеҳ Аҳмадов ва Юсуфҷон Раҳмонов, инчунин, намоишҳо аз операҳои классикони хориҷӣ ба мисли Ҷ. Верди, П. Чайковский, Ж. Бизе ва амсоли инҳо ба намоиш гузошта мешуданд.

Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ на танҳо макони намоиши асарҳои баландмазмуни саҳнавӣ, балки маркази муҳимми ҳифз ва рушди мероси мусиқӣ-саҳнавии миллат мебошад. Ин театр на танҳо макони офариниши санъат, балки як ёдгории пурқиматест, ки таърихи фарҳанги мусиқӣ ва саҳнавии Тоҷикистонро таҷассум менамояд.