Кохи Наврӯз яке аз бузургтарин ва муҳташамтарин иншооти меъмории даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҷассумгари сатҳи баланди тафаккури созанда, ҳунари волои меъморӣ ва эҳёи суннатҳои бостонии фарҳанги тоҷикон мебошад. Ин кох бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, соли 2014 расман мавриди истифода қарор гирифт.
Лоиҳаи меъмории Кохи Наврӯз аз ҷониби меъмори маъруф Азизиён С. таҳия шуда, дар татбиқи он неруи бузурги эҷодӣ ҷалб гардид. Барои сохтмон ва ороиши ин иншооти нодир зиёда аз 4 ҳазор ҳунарманд, рассом, кандакор, гачкор, наққош ва коргарони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд. Аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва устоҳои ҳунарҳои мардумӣ дар иҷрои корҳои бадеӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар давраи солҳои 2009–2014 анҷом ёфтаанд.
Дар меъмории кох анъанаҳои классикии меъмории тоҷикӣ ба монанди, истифодаи гунбазҳо, сутунҳои баланд, айвонҳо, нақшу нигорҳои ҳандасавӣ ва наботӣ бо талаботи меъмории муосир ба таври нозук ҳамоҳанг шудаанд. Ин омезиш ба кох шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, онро ба як ёдгории нодири меъмории асри XXI табдил додааст.
Бинои Кохи Наврӯз аз 5 ошёна иборат буда, дорои 12 толори бошукӯҳ мебошад, ки мавқеи асосиро дар кох доро мебошанд. Ҳар як толор бо сабк ва услуби хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, аз рӯйи тарҳ, ороиш ва мазмуни рамзӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Номгузории толорҳо маҳз бар асоси хусусияти меъморӣ, нақшу нигор ва маънои рамзии онҳо сурат гирифтааст.
Толори «Гулистон» яке аз толорҳои зеботарини кох ба шумор меравад. Ин толор бо кандакории нозуки рӯйи чуб, сутунҳои баланди кандакоришуда ва нақшу нигорҳои илҳомгирифта аз табиат оро дода шудааст. Тарҳи дохилии толор рамзи гулгашт, зебоӣ ва шукуфоии зиндагӣ буда, эҳсоси оромиш ва тантанаро дар дилу дидаи бинанда бедор месозад.
Толори «Зарандуд» бо истифодаи фаровони оби тилло, нақшу нигорҳои мураккаб ва сутунҳои зебо яке аз толорҳои бошукӯҳтарини кох маҳсуб мешавад. Ороиши ин толор рамзи фаровонӣ, нур, қудрат ва ҷалоли давлатдорӣ мебошад. Наққошӣ ва гачкории ин толор аз ҷониби ҳунармандон дар такя бо нақшу нигорҳои таърихӣ иҷро шудааст.
Толори «Аржанг» бо илҳом аз суннатҳои қадимаи рассомӣ ва фарҳанги китобатии ориёӣ бунёд гардидааст. Аксарияти расмҳои ин толор дар пайравии мактаби рассоми номдори тоҷик-Камолиддин Беҳзод амалӣ гардида, дар ороиши ин бино беш аз 29 намуди сангҳои нимқиматбаҳои истифода гардидааст.
Толори «Оинапӯш» яке аз толорҳои нодир аз лиҳози ороиш ба ҳисоб меравад. Дар ороиши он оинаҳои сершумор, унсурҳои равшанидиҳандаи муосир ва нақшу нигорҳои симметрӣ истифода шудаанд.
Илова бар толорҳои зикршуда, дар Кохи Наврӯз толорҳои дигар низ мавҷуданд, ки ҳар яке дорои хусусияти хоси меъморӣ ва бадеӣ мебошанд. Дар ороиши онҳо аз гачкорӣ, кандакории чӯб, наққошии дастӣ, кошинҳо ва унсурҳои рамзии фарҳанги миллӣ васеъ истифода шудааст. Ҳар толор ҳамчун як асари мустақили санъати меъморӣ арзиш дорад.
Мавриди зикр ааст, ки яке аз ҷузъиёти муҳимми ороиши Кохи Наврӯз истифодаи васеи қандилҳо ва чароғҳои нодир мебошад. Бузургтарин қандили кох 6,7 тонна вазн дошта, аз 1600 чароғ иборат аст.
Атрофи Кохи Наврӯз бо фаввораҳо, айвонҳои гунбаздор, сутунҳои баланд ва майдонҳои зебо оро ёфтааст. Дар маҷмуъ, кох дорои 22 гунбаз мебошад, ки калонтарини онҳо 36 метр қутр дошта, симои меъмории иншоотро боз ҳам пуршукӯҳ мегардонад. Гунбазҳо дар фарҳанги меъмории тоҷик рамзи осмон, камол ва пайванди инсон бо олами маънавӣ мебошанд.
Ин иншооти муҳташам таҷассумгари эҳёи суннатҳои меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои тамаддунии миллати тоҷик дар шароити давлати соҳибистиқлол аст.