Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангӣ ва илмию маърифатии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши калидӣ дар ҳифз, гирдоварӣ, омузишва тарғиби мероси хаттӣ ва зеҳнии халқи тоҷик мебозад. Ин муассисаи бонуфуз дар заминаи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таъсис ёфта, идомадиҳандаи анъанаҳои деринаи китобдорӣ ва фарҳанги мутолиа дар Тоҷикистон мебошад.
Бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2012, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ҳамчун рамзи эҳтиром ба илму дониш, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ифтитоҳ гардид.
Ифтитоҳи китобхона дар замони истиқлол нишонаи сиёсати фарҳангпарварона ва маорифмеҳвари давлат буда, ба рушди илм, таҳқиқот, маърифат ва ҳамгироии фарҳангӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз лиҳози меъморӣ яке аз намунаҳои нодири сохтмони муосири миллӣ ба шумор меравад. Иншоот аз нуҳ ошёна иборат буда, дар шакли китоби кушода тарҳрезӣ ва бунёд шудааст, ки рамзи дониш, маърифат ва кушодагии илму фарҳанг мебошад.
Дарозии бино 167 метр, баландии он 52 метр ва масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Намои марказии бино бо 22 нимпайкараи намояндагони барҷастаи илму адабиёти халқи тоҷик оро ёфтааст, ки пайванди таърихии фарҳанги гузашта бо имрӯзаро таҷассум намуда, эҳтиром ба мероси маънавии миллатро бозгу мекунад. Аз тарафи дигар гузоштани нимпайкараҳо дар бинои китобхона баёнгари нақши тоҷикон дар инкишофи илми ҷаҳонӣ буда, таърихан алоқамандии зич доштани миллати тоҷикро бо китоб инъикос менамояд. Яке аз мисолҳои равшан ин китобхонаи “Савонеҳ-ул-ҳикмат мебошад, ки бо ташаббуси амирони Сомонӣ сохта шуда буд ва калонтарин китобхонаи давру замони худ ба ҳисоб мерафт.
Китобхонаи миллӣ дорои 27 толори хониш мебошад, ки дар маҷмуъ, барои 1500–1800 нафар хонанда ҷойи нишаст фароҳам меоранд. Яке аз бартариҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи бузурги китобии он мебошад. Дар фонди китобхона беш аз 3 миллион нусха китоб ва маводи чопӣ бо зиёда аз 50 забони ҷаҳон нигоҳдорӣ мешавад. Ин захира осори илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва донишномавиро дар бар гирифта, барои омӯзиши тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ аҳаммияти бузург дорад.
Дар китобхона ҳамчунин дастхатҳои нодир, нашрияҳои қадима, китобҳои камёфт ва маводи бойгонӣ маҳфузанд, ки барои муҳаққиқон, донишмандон ва донишҷуён манбаи гаронбаҳо ба ҳисоб мераванд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми хизматрасонӣ калонтарин китобхона дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, тибқи оморҳо шумораи аъзоёни он беш аз 200 ҳазор нафар мебошад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун рамзи давлатдории фарҳангӣ, илмомӯзӣ ва худшиносии миллӣ шинохта мешавад. Ин муассисаи муҳташам на танҳо ганҷинаи китоб, балки оинаи тамаддун, таърих ва зеҳни халқи тоҷик буда, дар таҳкими робитаи наслҳо, рушди илм ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.