Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ буда, ифодагари истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои таърихии халқи тоҷик мебошад. Он дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ пояҳои асосии рамзии давлатдориро ташкил дода, нишонаи равшани ҳувияти сиёсӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Парчам ҳамчун рамзи ягонагӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ истифода мегардад.

Ба бунёди пояи Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 2010 оғози расмӣ бахшида шуда, 30-юми  августи соли 2011 ин иншооти бузурги миллӣ расман ифтитоҳ гардид. Ин рӯйдод дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, рамзи устувории давлатдории миллӣ ва дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Парчами давлатии Тоҷикистон бо 165 метр баландӣ замони сохта шуданаш баландтарин парчам дар ҷаҳон маҳсуб меёфт ва Тоҷикистонро ба Китоби рекордҳои ҷаҳонӣ ворид намуд. Ин дастоварди муҳандисӣ ва меъморӣ нишонаи қудрати техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва иродаи қавии давлат дар эҳёи рамзҳои миллӣ мебошад.

Баландии худи Парчам 30 метр, дарозии он 60 метр буда, бо андозаи бузург ва рангорангии худ аз масофаи дур ба чашм мерасад. Пояи парчам бо чунин баландии бесобиқа аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Trident Support» бунёд гардидааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат буда, дар қисми марказии он тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудааст. Ин тасвир яке аз муҳимтарин унсурҳои рамзии парчам ба шумор меравад.

Тоҷ рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва таърихи куҳани халқи тоҷик мебошад. Он ба анъанаҳои қадимаи подшоҳӣ ва фарҳанги давлатсозии тоҷикон ишора намуда, ифодагари шаъну шарафи миллӣ аст. Ба андешаи муҳаққиқон, вожаи «тоҷик» низ бо мафҳуми тоҷ ва тоҷдорӣ иртиботи маънавӣ дорад.  Рақами ҳафт дар фарҳанги мардуми тоҷик ва тамаддуни шарқӣ рақами муқаддас маҳсуб ёфта,  ҳафт ситора рамзи бародарӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии тамоми сокинони кишвар мебошанд.

Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон дорои маънои амиқи таърихӣ ва фалсафӣ мебошанд. Аз ҷумла ранги сурх ифодагари мубориза, ҷоннисорӣ ва фидокорӣ дар роҳи ҳифзи ватан, истиқлолият ва озодӣ мебошад. Ранги сафед рамзи бахту иқболи нек, сулҳ, покизагӣ ва нияти некро ифода мекунад. Ранги сабз рамзи сарсабзӣ, табиати зебо ва ҳаёти ободу осуда мебошад.

Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе, дар паҳлуи Қасри миллат, ҳамроҳ бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ин ҷойгиршавӣ аҳаммияти рамзии хос дошта, Парчам ва Нишонро ҳамчун пояҳои асосии давлатдорӣ муаррифӣ менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки таърихи парчамдории миллати тоҷик аз умқи ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Мутобиқи сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчами тоҷикон дар аҳди сулолаи  Пешдодиён бар зидди зулму ситам бардошта шуда буд. Дар давраҳои баъдӣ, ҳатто, паҳлавонҳо дирафш ё худ парчами хоси худро доштанд, ки бо тасвири шер, аждар, гавазн ва амсоли инҳо зиннат ёфта, ақида ва зуру тавони паҳлавононро таҷассум менамуд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз на танҳо як рамзи расмӣ, балки таҷассумгари таърих, ифтихор, ваҳдат ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Парчами кишвар, ки дар маркази пойтахт қомат афрохтааст, рамзи устувории истиқлол, қудрати давлат ва иттиҳоди халқи тоҷик буда, ба ҳар як шаҳрванд эҳсоси масъулият, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад.