Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфуз ва калидии таҳсилоти олии кишвар ба шумор рафта, дар ташаккул ва рушди илму маориф, фарҳанг ва тафаккури илмии ҷомеаи тоҷик нақши сарнавиштсоз бозидааст. Ин Донишгоҳ ҳамчун нахустин муассисаи классикии таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон, мактаби тайёр намудани ҳазорон мутахассисон ва маркази асосии рушди илмҳои бунёдӣ ва инсонӣ эътироф гардидааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1947 таъсис ёфта, дар марҳилаи аввали фаъолияти худ бо номи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолият менамуд. Таъсиси ин донишгоҳ рӯйдоди таърихии ниҳоят муҳим дар ҳаёти маърифатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, зеро маҳз бо пайдоиши он низоми мукаммали таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон поягузорӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки ташаббуси таъсиси донишгоҳ ба номи Бобоҷон Ғафуров-донишманди маъруф, муаррихи барҷаста ва арбоби бузурги давлатӣ марбут мебошад. Бобоҷон Ғафуров бо дарки амиқи аҳаммияти илму дониш барои ояндаи миллат, таъсиси донишгоҳи классикиро ҳамчун шарти асосии рушди зеҳнии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ медонист. Ин ташаббус заминаи воқеии тарбияи кадрҳои миллӣ ва ташаккули зиёиёни тоҷикро фароҳам овард.

Аввалин ректори донишгоҳ Зариф Шарипович Раҷабов буда, солҳои 1948–1954 роҳбарии ин муассисаи бонуфузро ба уҳда дошт. Ӯ дар ташкили равандҳои таълимӣ, ҷалби кадрҳои илмӣ, таъсиси заминаи моддиву техникии донишгоҳ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсил саҳми назаррас гузоштааст.

Бо дарназардошти мақоми миллӣ ва нақши муҳимми донишгоҳ дар рушди илму маорифи кишвар, соли 2008 номи муассиса ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иваз карда шуд. Ин тағйирот рамзи эътирофи хизматҳои таърихии донишгоҳ ва нақши калидии он дар тарбияи мутахассисони миллӣ, рушди илми тоҷик ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.

Бинои имрӯзаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои 1937–1939 таҳти сарварии меъморони маъруф Ю. А. Светков ва М. В. Скородумов бунёд гардидааст. Дар аввал ин бино ҳамчун қароргоҳи Кумитаи ҳизбии вилоятии шаҳри Сталинобод фаъолият мекард ва аз соли 1949 ба ихтиёри донишгоҳ вогузор гардид. Бо ин тағйирот бино аз маркази маъмурӣ ба маркази илм ва маърифат табдил ёфт.

Намои бино бо симметрия, сутунҳои муназзам ва услуби классикӣ сохта шуда, ҷиддият, устуворӣ ва мақоми баланди илмиро ифода менамояд. Иншоот на танҳо арзиши амалкардӣ, балки арзиши таърихию меъморӣ дошта, қисми ҷудонашавандаи симои пойтахт мебошад.

Мавриди зикр аст, ки донишгоҳ дар солҳои аввали таъсис аз факултетҳои физикаю математика, геология, биология ва таъриху филология иборат буд, ки дар онҳо шумораи ками донишҷуён таҳсил мекарданд. Айни замон, донишгоҳ дорои 19 факултет буда,  ҳудуди 20 ҳазор донишҷуро дар бар мегирад. Донишгоҳ дар радифи муассисаи таълимӣ буда, дар ташаккули мафкураи миллӣ нақши муассир гузоштааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун пояи асосии илму маорифи кишвар, маркази тафаккури илмӣ ва рамзи пешрафти зеҳнии миллат аҳаммияти таърихӣ ва иҷтимоии бузург дорад. Таърихи таъсис, фаъолияти бисёрсолаи илмӣ-таълимӣ, бинои арзишманди меъморӣ ва нақши калидии он дар тайёр намудани мутахассисон ин донишгоҳро ба яке аз сутунҳои асосии давлатдории миллӣ табдил додааст.

Дар радифи ин ҳама бинои асосии донишгоҳ аз зумраи ёдгориҳои меъмории шаҳри Душанбе буда, дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.