Бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон яке аз намунаҳои арзишманди меъмории асри ХХ дар шаҳри Душанбе ба шумор рафта, дар ташаккул ва рушди фазои фарҳангӣ ва ҳунарии пойтахт нақши муҳим бозидааст. Ин иншооти меъморӣ солҳои 1955–1956 таҳти сарварии меъмори маъруф А. Кномпус бунёд гардида, то имрӯз ҳамчун яке аз рамзҳои шинохтаи меъмории шаҳр аҳаммияти худро нигоҳ доштааст.
Дар ибтидо, бино ба сифати осорхона мавриди корбурд қарор гирифта, дар тули даҳсолаҳо маркази ҳифз, муаррифӣ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангии тоҷикон буд. Маҳз, ҷойгир будани ёдгориҳои нодир ва асарҳои бадеии гаронбаҳо дар ин бино боис гардида буд, ки он ба яке аз ҷойҳои тамошобоб ва рамзии шаҳри Душанбе табдил ёбад.
Бояд тазаккур дод, ки осорхонае, ки дар ин бино қарор дошт, ба номи Камолиддин Беҳзод номгузорӣ шуда буд, ки ӯ поягузори санъати минётурӣ ба шумор меравад. Дар ҷодаи санъати тасвирӣ низ К. Беҳзод мактаби худро дорад, ки бо сабку усули хоси худ дар олами Шарқ машҳур аст. Ҳамин тариқ, бино соли 2013 ба ихтиёри Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вогузор гардид, ки ин донишкада рамзи идомаи мактаби рассомии К. Беҳзод ба ҳисоб рафта, пайвандгари санъати қадима ва имрӯзаи тоҷикон мебошад. Таъсиси донишкада низ, ба ҳамин сол рост меояд, ки он пайравони мактаби Беҳзодро дар соҳаҳои санъати тасвирӣ, дизайн, ороиши бадеӣ, тасвирнигорӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои амалӣ омода месозад.
Бино аз се ошёна ва як таҳхона иборат буда, аз лиҳози тарҳ ва намуди зоҳирӣ бо омезиши нозуки меъмории миллӣ ва унсурҳои меъмории аврупоӣ сохта шудааст. Омезиши унсурҳои меъмории давраҳои гуногуни таърихӣ ва фарҳангҳо ба ин иншоот зебоии вижа ва ҳусни хос бахшида, онро аз дигар биноҳои атроф намоёнтар мегардонад.
Даромадгоҳи асосии бино бо сутунҳои баланд ба қисматҳо ҷудо шуда, болои онҳо бо усули равоқӣ зиннат ёфтааст. Ин унсурҳо хоси меъмории анъанавии тоҷикон буда, ба симои бино муҳташамӣ ва ҷиддияти расмӣ зам мекунанд. Сутунҳо ва равоқҳо на танҳо вазифаи ороишӣ доранд, балки рамзи устуворӣ, пойдорӣ ва иртиботи анъана бо замони нав мебошанд.
Дар қисми болои бино нишони соат ҷойгир гардидааст, ки аз лиҳози рамзӣ маънои дақиқӣ ва низом, пайвандии гузашта, имрӯз ва ояндаро ифода менамояд.
Ин бино, ки дар замони Шуравӣ бунёд шудааст, бо зебогии зоҳирӣ ва сабки меъмории нодири худ то давраи Истиқлол яке аз рамзҳои шинохтаи шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи аҳли фарҳанг, олимон, донишҷӯён ва сайёҳон буд.
Бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун мероси гаронбаҳои меъморӣ, маркази таърихии фарҳанг ва макони рушди эҷодиёти муосир аҳаммияти хос дорад. Тағйири самтҳои фаъолияти он аз осорхона ба муассисаи таълимӣ далели он аст, ки ин иншоот ҳамеша дар хидмати фарҳанг ва ҷомеа қарор дошта, рисолати маърифатии худро дар ҳар давра идома додааст.
Имрӯз бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон на танҳо як ёдгории меъморӣ, балки маркази ташаккули мактаби миллии санъати муосир мебошад. Дар ин ҷо анъанаҳои классикии санъати тоҷик бо равияҳои нави ҷаҳонӣ пайваст шуда, насли нави рассомон ва тарроҳон (дизайнерон) тарбия меёбанд.