Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Ёдгории иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ


Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), ки қисми ҷудонопазири Ҷанги дуюми ҷаҳон ба шумор меравад, яке аз фоҷиабортарин рӯйдодҳои таърихи асри ХХ маҳсуб мешавад. Ин ҷанг 22-юми июни соли 1941 бо ҳамлаи ногаҳонии Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардида, то соли 1945 идома ёфт. Дар ин ҷанг на танҳо тақдири Иттиҳоди Шуравӣ, балки сарнавишти тамоми инсоният ҳал мегардид, зеро ғояи фашизм бар пояи истисмор, нажодпарастӣ ва нобудсозии миллатҳо асос ёфта буд.

Дар натиҷаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 29 миллион нафар,  аз ҷумла низомиён, занон, кӯдакон ва дигарон ҷони худро аз даст доданд. Шаҳрҳою деҳоти зиёде хароб гардида, иқтисод, фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии кишварҳо зарари азим диданд.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон аз ҷабҳаҳои асосии ҷанг дур ҷойгир буд ва аҳолии он нисбатан камшумор маҳсуб мешуд, мардуми тоҷик бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба ҳифзи Ватан бархоста, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба сафи Артиши Сурх сафарбар гардиданд, ки қисми зиёди онҳо ҷавонони неруманд ва қобили ҷанг буданд. Ҷанговарони тоҷик дар ҳамаи навъҳои қушунҳои Шуравӣ аз қабили пиёдагард, танкӣ, тупхонагӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ хизмат намуда, намунаи шуҷоат, матонат ва вафодорӣ ба савганди ҳарбиро дар рафти муҳорибаҳо нишон доданд. Барои қаҳрамонию ҷасорат садҳо нафар бо нишону медалҳои ҷангӣ сарфароз гардида, 54 нафар фарзандони Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шуданд. Номҳои онҳо имрӯз ҳамчун рамзи ифтихор ва ҷасорат дар саҳифаҳои таърих боқӣ мондаанд.
Ғайр аз саҳмгузорӣ дар ҷабҳа, Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба ақибгоҳи муҳимми стратегӣ табдил ёфт. Аҳолии ҷумҳурӣ махсусан занон, пиронсолон ва наврасон дар хоҷагии қишлоқ бо заҳмати шабонарӯзӣ ғалла, пахта, гӯшт, шир ва дигар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намуда, ҷабҳаро бо маводи ғизоӣ таъмин менамуданд. Аз Тоҷикистон ба минтақаҳои ҷанг либос, пойафзор, лавозимоти ҳарбӣ ва маводи тиббӣ фиристода мешуд.

Дар солҳои ҷанг ҳазорҳо нафар кӯдакони ятим, занону пиронсолони аз минтақаҳои ҷанг ба Тоҷикистон оварда шуда, бо ғамхорӣ ва меҳрубонии мардуми маҳаллӣ иҳота гардиданд. Ин ҳама далели инсондӯстӣ, ҳамдилӣ ва масъулияти баланди иҷтимоии халқи тоҷик мебошад.

Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пос доштани корнамоиҳои насли ҷанговар, дар шаҳри Душанбе Боғи Ғалаба таъсис дода шудааст. Дар қалби ин боғ Маҷмааи ёдгории Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷойгир буда, он яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихию фарҳангии пойтахт маҳсуб меёбад.
Маҷмаа соли 1975, ба ифтихори 30-солагии Ғалаба, аз рӯйи лоиҳаи меъмори маъруф Зуҳурдинов Б.А. сохта шудааст. Он бо услуби монументалӣ ва рамзии баланди маънавӣ тарҳрезӣ гардида, баёнгари абадият, фидокорӣ ва хотираи ҷовидонаи шаҳидон мебошад.

Дар маркази маҷмаа ёдгории рамзии қурбониёни ҷанг қомат афрохтааст. Дар рӯи он ибораи пурмаънои «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст» дарҷ гардидааст, ки на танҳо шиори ёдбуд, балки паёми ахлоқӣ ба наслҳои оянда мебошад. Ин ҷумла рамзи хотираи ҷовидона ва эҳтироми беандоза ба қаҳрамононест, ки ҷони худро барои сулҳу озодӣ нисор кардаанд.

Дар назди ёдгорӣ майдончаи маросимӣ бо ҷойҳои махсус барои сафороии сарбозон ва баргузории чорабиниҳои расмӣ сохта шудааст. Ин унсури меъморӣ имконият медиҳад, ки маҷмаа на танҳо макони ёдбуд, балки фазои зиндаи фарҳангӣ ва ватандӯстӣ бошад. Ҳамин аст, ки ҳамасола 9-уми май дар ҳамин майдонча бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони ҷанг, сарбозону афсарон ва ҷавонон маросими бошукӯҳ ва гузашти ҳарбӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни он гулчанбарҳо гузошта шуда, хотираи шаҳидон бо як дақиқаи хомушӣ гиромӣ дошта мешавад.
Имрӯз Боғи Ғалаба ва Маҷмааи ёдгории Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо ёдгории таърихӣ, балки мактаби тарбияи ватандӯстӣ барои насли ҷавон ба шумор меравад. Он ба шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, мефаҳмонад, ки сулҳ, озодӣ ва осоиштагӣ неъмати бебаҳо буда, бо қимати ҷони ҳазорон нафар таъмин гардидааст.