Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Монументи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ


Монументи Ғалаба яке аз ёдгориҳои муҳимми таърихию ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, рамзи поси хотираи ҷовидонаи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Ёдгорӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Г. Г. Чередниченко, меъмор Г. Соломонов ва муҳандис В. А. Ржевкин дар солҳои 1971–1974 бунёд гардидааст.

Соли 1987 дар назди монумент танки ҷангӣ насб карда шуд, ки мазмун ва арзиши рамзии ёдгориро боз ҳам тақвият бахшид. Монументи мазкур то соли 2023 дар ҳудуди «Майдони Ғалаба», воқеъ дар мавзеи ба ҳам омадани кӯчаҳои Шевченко, Садриддин Айнӣ ва академикҳо Раҷабовҳо қарор дошт. Дар ҳамин сол бинобар тағйироти шаҳрсозӣ ва таҷдиди муҳити меъмории пойтахт, ёдгорӣ ба Боғи Ғалаба интиқол дода шуд. Ин иқдом ба муҳтавои мавзуӣ ва таърихии ёдгорӣ пурра мутобиқ буда, шукуҳ ва аҳаммияти фарҳангии боғро боз ҳам афзун намуд.

Дар барелефҳои монумент саҳнаҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, лаҳзаҳои муҳориба, шуҷоат, матонат ва фидокории сарбозону афсарон бо маҳорати баланди бадеӣ таҷассум ёфтаанд. Ин тасвирҳо на танҳо арзиши зебоипарастӣ доранд, балки дар замири бинанда эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи пуршарафи гузаштагонро бедор месозанд.

Танки ҷангие, ки дар назди ёдгорӣ гузошта шудааст, навъи ИС-2 буда, яке аз пуриқтидортарин танкҳои сангини замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки танки ИС-2 дар соли 1943 ихтироъ гардида, дар муҳорибаҳои ҳалкунандаи ду соли охири ҷанг истифода гардидааст. Асосан ихтироъ намудани танки ИС-2 ба муқобили танкҳои немисии “Tiger” ва “Panther” равона гардида буд. Маънои пурраи ИС-2 ба сарвари онвақтаи Иттиҳоди Шуравӣ алоқамандии зич дошта, ифодагари “Иосиф Сталин” мебошад.

Танки ИС-2 дар амалиёти калидии солҳои охири ҷанг, аз ҷумла дар муҳорибаҳои ҳудуди Маҷористон, Австрия ва Олмон васеъ истифода шуда, дар шикасти ниҳоии фашизм нақши муҳим бозидааст. Ҳузури ин танк дар маҷмаа рамзи қудрати ҳарбӣ, устувории Артиши Сурх ва пирӯзии таърихӣ мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) миёни Иттиҳоди Шуравӣ ва Олмони фашистӣ ба вуқуъ пайваста, яке аз фоҷиабортарин ҷангҳои асри ХХ ба шумор меравад. Дар ин ҷанг сокинони ҶШС Тоҷикистон низ саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумҳурӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа сафарбар гардида, даҳҳо ҳазор нафари онҳо ҷони худро дар майдони набард нисор карданд.

Илова бар ин, Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ нақши муассир бозида, аҳолӣ бо заҳмати шабонарӯзӣ ҷабҳаро бо маводи ғизоӣ, либос, ашёи рӯзгор ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин менамуд. Занону наврасон ва пиронсолон ҷойи мардони ба ҷанграфтаро гирифта, бо меҳнати фидокорона дар таъмини Ғалаба саҳм гузоштанд. Ин ҳама далели равшани ягонагӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти баланди мардуми тоҷик дар сарнавишти умумии Ғалаба мебошад.

Аз ин лиҳоз, Монументи Ғалаба на танҳо як ёдгории меъморӣ, балки мактаби зиндаи таърих, рамзи хотираи ҷовидонаи шаҳидон ва нишонаи пайванди наслҳо ба шумор меравад. Он аҳаммияти бузурги тарбиявию маърифатӣ дошта, ҷавононро ба эҳтироми гузашта, дӯст доштани Ватан ва ҳифзи сулҳу суботи пойдор ҳидоят менамояд.