Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии (Парлумони) Тоҷикистон яке аз иншооти муҳими давлатӣ ва намунаи баланди меъмории миллӣ ба шумор меравад.
Маҷмаа дар маркази пойтахт - хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлол ва рушди Тоҷикистон хизмат мекунад.
Санги асоси бино соли 2018 гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардиданд. Маҷмаа соли 2024 мавриди истифода қарор гирифт.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, баландии қисми асосии он 49,7 метр ва ҳамроҳ бо гунбаз 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 43 750 метри мураббаъ мебошад.
Дар дохили бино толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, толорҳои палатаҳои болоӣ ва поёнии парламент, маркази иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, китобхона, маркази тиббӣ, толори матбуот ва дигар утоқҳои хизматӣ ҷойгир шудаанд. Иншоот бо истифода аз технологияҳои муосири муҳандисӣ ва меъёрҳои байналмилалии сохтмон бунёд гардидааст.
Дар ороиши бино унсурҳои меъмории миллӣ, нақшу нигори тоҷикӣ ва услуби муосир ба ҳам омезиш ёфтаанд. Намои зоҳирии маҷмаа бо санъати меъмории миллӣ хусусияти хоси фарҳангии Тоҷикистонро инъикос менамояд.
Дар саҳни пеши бино фаввораҳои муосир ҷойгир шудаанд, ки бо ҳамоҳангии об, рӯшноӣ ва мусиқӣ муҳити зебо ва фароғатӣ фароҳам меоранд. Шомгоҳон ин мавзеъ ба яке аз нуқтаҳои ҷолиби сайёҳии пойтахт табдил меёбад.
Сохтмони маҷмаа дар доираи ҳамкориҳои дӯстона ва шарикии Тоҷикистону Чин амалӣ гардидааст. Дар бунёди он мутахассисон ва сохтмончиёни маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.
Имрӯз бинои Маҷлиси Олӣ ҳамчун яке аз бинои зеботарин, рамзи меъморӣ ва мавзеи диққатҷалбкунандаи шаҳри Душанбе шинохта мешавад.