— Осорхона нахуст дар ихтиёри Вазорати фарҳанг буд, соли 1966 ба тобеъияти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дода шуд. Соли 1978 ба муносибати ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар шаҳри Душанбе аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.
Осорхонаи адабии Айнӣ аз чанд ҳуҷра иборат аст, ки дар ҳар яки он мавод вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ маҳфузанд. Дар даромадгоҳи осорхона нимпайкараи Айнӣ гузошта шудааст. Дар ҳуҷраи якум чизҳои шахсӣ, маводди марбут ба ҳаёту фаъолияти Айнӣ аз давраи хурдсолӣ то Инқилоби Октябр ва Инқилоби Бухоро (солҳои 1917—1920) гирд оварда шудаанд. Дар мобайни ҳуҷраи якум, дар болои миз лавҳае бо китоби дӯстдоштаи Айнӣ «Ахлоқи Муҳсинӣ» дар болои мизи кандакоришуда аз ҷониби М. Олимов, инчунин маҷмӯаи ашъори шоир Бадруддини Ҳилолӣ гузошта шудааст.
Дар ин хона сиёҳидон ва қаламеро метавон дид, ки ба Айнӣ падараш соли 1886 ҳадя карда буд. Дар девори ин ҳуҷра акси Айнӣ ва М. Назрулло баъди 75 чӯб заданашон насб гардидааст. Дар ҳуҷраи дуюм экспонатҳои солҳои 20-50 (китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ҷоизаҳо, дипломи доктори илм, мизе, ки дар паси он дар вазифаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст ва ғайра) ҷамъ оварда шудаанд. Дар ҳуҷраи сеюм чизҳои шахсии Айнӣ (асо, соат, либос, корд, қайчӣ, чойнику пиёла, ручка, туҳфаҳо ва ғайра) ҷо гирифтаанд. Дар ҳуҷраи чаҳорум асарҳои ба Садриддин Айнӣ бахшидашуда (асарҳои адабиётшиносӣ, рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, тасвирҳои рассомон ба асарҳои Айнӣ, тарҷумаи асарҳои Айнӣ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон ва ғайра, умуман, беш аз 2 ҳазор китоб) гузошта шудаанд. Ҳуҷраи панҷум толори конференсияҳо, ҷамъомадҳои адабӣ ва вохӯриҳо мебошад. Дар ин ҷо экспонатҳое ҳастанд, ки ҳар замон нав карда мешаванд.
Дар осорхона пластинаҳо, кассетаҳо бо овози Садриддин Айнӣ ва дӯстони ӯ маҳфузанд. Соле аз осорхона то 1500 нафар боздид мекунанд.
Ҳамчунин муҳаққиқон аз маводҳои ин осорхона барои таҳқиқоти хеш истифода мебаранд.