– Соли 1987 хонаи истиқоматии А. Лоҳутиро Ҳукумати Тоҷикистон барои қадрдонӣ аз хидматҳои арзишманд дар арафаи ҷашни 100 солагӣ ба осорхона табдил дода, ба хидмати тамошобинону мухлисони шоир гузошт. А. Лоҳутӣ Тоҷикистонро ватани дуюуми худ медонист. Ин аст, ки дар Тоҷикистон истиқоматро ихтиёр кард. Ӯ барои рушди адабиёту фарҳанги Тоҷикистони навбунёд ва хусусан халқи тоҷик хизматҳои шоистаю мондагоре кард. Бинобар ин, А. Лоҳутӣ дар ин хона аз соли 1941 то 1943 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ин макон қадамҷои ӯст.
Осорхонаи мазкур, аз даромадгоҳу 5 толор иборат аст. Дар толори аввал маводу аксҳо аз овони ҷавонӣ ва наврасӣ, муборизаи миллӣ-озодихоҳии шоир, нигораҳои марбут ба ин давра, инчунин яке аз шумораҳои маҷаллаи «Форс», ки худи шоир онро таъсис дода буд ва солҳои 1918-1919 фаъолият дошт ба намоиш гузошта шудааст. Аксҳо аз шуришҳои Сатторхон дар Эрон, муҳорибаи Табрез ва мағлубияту ғолибияти онҳо, қадамҳои аввалини шоири инқилобӣ бар зидди истилогарони озодихоҳи халқ маълумот медиҳад.
Толори дувум утоқи корӣ ном гирифтааст, ки дар он мизу курсии корӣ, ҷевони китобмонии шоир, сару либос, пойафзол ва баъзе нигораҳои рассомони номии тоҷикро дар бар гирифтааст. Дар гӯшаи дигари ҳуҷра акси кандакории Лоҳутӣ дар болои ҷӯб, ки амали кандакор Нуриддинов С. аст гузошта шудааст.
Толори сеюм аз аксҳо, нигораҳо, китобҳо, ашёҳои шахсӣ ва баъзе нигораҳову экспозитсияи рассоми тоҷик иборат мебошад.