Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе


– Осорхона дар ошёнаи дуюми Манораи Истиқлол ҷой гирифтааст. Осорхона мувофиқ ба талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Экспонатҳои осорхона доир ба таърихи қадимаи Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд. Ҷобаҷогузории нигораҳо мувофиқ ба хронологияи таърихӣ амалӣ шуда, онҳо тавассути гузоштан дар витриниҳо ва ё аксу тасвирҳо дар деворҳо манзури тамошобинон гардидааст. Дар ин ҷо асбобҳои мусиқии хоси тоҷикон аз қабили дутор, сетор, танбӯр, рубоб, думбура, уд, барбат, ғижжак, най, доира, даф, таблак ва ғайра пешкаш карда шудааст.

Шаҳри Душанбе дорои таърихи қадима мебошад, ки ба ин ёдгориҳои асри санг - табарҳои сангии аз Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе ёфтшуда гувоҳӣ медиҳанд. Осори давраи асри биринҷӣ аз гардиши фурудгоҳи шаҳр, шаҳраки антиқии Душанбе ва дигар намунаҳои ҳунар ба мисли акси Дионис ва гўшвори занона дар шакли сфинкс аз маҳали Амфитеатри шаҳр ва ҳамзамон табари биринҷӣ аз Шаҳраки Академӣ пайдо намуда, витринаҳои алоҳидаро оро медиҳанд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Душанбе дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекарданд. Доир ба таърихи асримиёнагии шаҳр хазинаи сиккаҳои темурӣ, нигораҳои тилло ва нуқрагӣ, харитаи ёдгориҳои археологӣ, аксҳои   бекии Ҳисор ва амлокдории Душанбе дар солҳои 1869-1921, Душанбе ва деҳаҳои атрофи он дар ибтидои асри ХХ, кўзаву сафолпораҳои гуногун барои ташрифоварандагон маълумоти кофӣ манзур менамоянд.

Шаҳри Душанбе давраи нав ва навтарин осори гуногуни дар витринаҳо гузошта ва аксҳои таърихии дар девор насб шуда, доир ба марҳала ба марҳала рушд намудани шаҳр, аввалин биноҳои замонавӣ, пойтахти ҷумҳурї инчунин, гўшаи алоҳида ба таърихи давраи Ҷанги Бузурги Ватании аз ҷабҳа, асбобу анҷом ва либосу ярокҳои ҷанговарон, нусхаи хитобномаҳо, рўзномаву маҷаллаҳо ороиш ёфтааст.

Нигористон дар ошёнаи дуюми Манораи «Истиқлол» ҷойгир буда, дар он зиёда аз 70 мусаввараи рассомони Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар як гўшаи махсуси Манораи «Истиқлол», тахти заррини рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ, ҳамчун бунёдгузори аввалин давлати асили тоҷикон ҷой дода шудааст. Тахти заррин аз чуби чормағз бо санъати баланд сохта шуда пурра тиллоандуд карда шудааст. Тахти шоҳиро тоҷи тиллоӣ, ки бо сангҳои қимматбаҳо ороиш ёфтааст, зебу зиннат медиҳад. Дар атрофи тахт бошад, ҳафт калиди тиллоии рамзии ҳафт шаҳри ҷумҳурӣ – Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Кӯлоб гузошта шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлол 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор, 2700-солагии Кӯлоб, 2500-солагии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар сатҳи байналмаллалӣ ҷумҳуриявӣ бо тантана ҷашн гирифта шудаанд.

Бахши алоҳидаи осорхонаро ба замони навтарин давраи соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тавассути нигораҳо ва аксҳои таърихӣ куллан тағйир ёфтани симои шаҳр дар замони соҳибистиқлолӣ, махсусан даҳсолаи охир нишон дода шудааст. Дар толори осорхона витринаҳои алоҳида доир ба сарулибоси минтақаҳои ҷудогонаи кишвар, асбоби рўзгор ва мусиқӣ ҷойгир шудаанд.  Умуман, осорхона ҳамчун як ҷои тамошобоб ва ҷолиб барои сокинони шаҳру ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ омода гардидааст.  

Майдончаи махсус барои тамошои шаҳри Душанбе ва Синамои 5D

Дар баландии 91 метр Манораи «Истиқлол» майдончаи мудаввари махсус барои тамошои манзараи зебои шаҳри Душанбе ҷой дорад, ки аз ин нуқта, симои биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳр ва  ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе – Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансурро ба хубӣ дидан мумкин аст.

Кинотеатри 5D - як навъ синамои ҷозибаноки насли нав аст. Дар синамои 5D тамошобин ҳангоми нишастан дар курсиҳои дар платформаи динамикӣ ҷойгиршуда аз навтарин филмҳои лаззат мебаранд. Ҳаракати ин платформа ба ҳаракати камера дар филм вобаста аст. Ба шарофати ин гуна техника, технологияи 5D ба тамошобин имкон медиҳад, ки худро дар сюжети филм ғарқ кунад ва ҳузури воқеии ҷисмониро эҳсос кунад.

Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.