Исмоили Сомонӣ (849-907) — асосгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон — давлати Сомониён.
Ӯ эҳёгари фарҳангу тамаддуни тоҷик, шоҳи хирадманду амири одил, ҳомии илму адаб, сипаҳсолори тавоно, марди қавию боирода ва сипари Мовароуннаҳру Хуросон буд.
Замони ба сари қудрат расиданаш ҳамагӣ 25 сол дошт, аммо ба синни ҷавони худ нигоҳ накарда, дар як муддати кутоҳ тавонист, ки ҳокимияти марказиро мустаҳкам намуда, шаҳри Бухороро ба маркази давлати Сомониён табдил диҳад. Маҳз бо ибтикороти Исмоил шаҳри Бухоро аз талаву тороҷи душманон эмин гашта, ба маркази илму адаб ва фарҳангу санъат табдил ёфт. То замони Исмоили Сомонӣ бошандагони Бухоро ҳар сол атрофи шаҳрро барои ҳимоя аз кучманчиҳо девор мекарданд. Исмоил чун ҳокими ин шаҳр шуд, фармуд то дигар девор насозанд ва гуфт: “То ман зиндаам, девори Бухоро манам”. Ӯ дар воқеъ ин суханонро амалӣ намуд ва на танҳо ҳаёти осоишта барои аҳли Бухоро овард, балки ба он ривоҷу равнақ бахшида, шаҳрро машҳури олам гардонид. Дар ин шаҳр бузургтарин китобхонаи ҷаҳони он вақт “Совнеҳ-ул- ҳикмат” бунёд гардида буд, ки нодиртарин китобҳои давр дар он нигаҳдорӣ мешуданд. Маҳз ҳамин сиёсати илмпарварона ва одилонаи Исмоили Сомонӣ буд, ки донишмандон аз тамоми ҷаҳон барои омӯхтани илм ба шаҳри Бухоро меомаданд.
Дар боби адолатҳои исмоили Сомонӣ сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти ҷолиб медиҳанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки Исмоили Сомонӣ дар рузҳои сарду сахти зимистон савори асп кучаҳои шаҳрро давр мезад то дар сурати мавҷудияти ниёзмандон ба онҳо кӯмак расонад. Маҳз ҳамин адолатпарварӣ ва хирадмандиҳои Исмоил буд, ки дар таърих Ӯ бо тахаллуси “Амири Одил” ёд мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки асоси ҳудудҳои давлати бунёднамудаи Исмоили Сомониро Мовароуннаҳру Хуросон ташкил менамуд, аммо паҳнои ин давлат ҳудудҳои Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон), Афғонистон, қисмати бештари Эрон ва як қисми Қазоқистонро дар бар мегирифт. Дар радифи ҳудудҳои паҳновар ва иқтидори фарҳангию низомӣ, давлати Сомониён бо ташаббуси ин амири хирадманд ва ворисони ӯ низоми нави давлатдориро дар ҷаҳони он вақта ба роҳ монданд. Яъне идораи давлати Сомониён тавассути даҳ девон ба роҳ монда шуда буд, ки ҳар девон вазифаҳои мушахасси худро доро буданд.
Маҳз дар ҳамин давра забони имрӯзаи тоҷикӣ ва фарҳангу адаб рушду нумуъ ёфтанд. Рушди бесобиқаи тиб, таърихнигорӣ, ҷуғрофия, табиатшиносӣ, фалсафа ва илми исломӣ низ аз бисёр ҷиҳат маҳсули фаъолияти ин давлат будааст. Заковати илмӣ ва эҷодии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва аллома Абӯрайҳони Берунӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфта шоҳкориҳои ҷаҳонии илмро ба бор овардааст. Эҳёи тамаддуни тоҷик, ки рушду нумӯи он ба даврони Сомониён ва шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд рост меояд, бо дастовардҳои фарҳангии гаронбаҳо ва нотакрораш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ин даврон роҳи илму донишро на танҳо барои мардуми ориёинажод, балки барои тамоми башарияти фарҳангдӯст мунаввар сохтааст.
Исмоили Сомонӣ соли 907 ҷаҳони фониро падрӯд гуфт ва дар шаҳри Бухоро ба хок супорида шуд, ки имрӯз мақбараи ӯ ба яке аз ёдгориҳои нодири аҳди Сомониён табдил ёфта, ҳамчун нишон аз санъати баланди меъмории ин давр боқӣ мондааст.
Соли 1999 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори гиромидошти ӯ 1100-солагии давлати Сомониёнро бо шукӯҳ таҷлил намуд. Маҳз ба муносибати ҳамин ҷашнвора дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардид, ки муаллифи он меъмори шинохта Баҳовадин Зуҳурдинов мебошад.
Баландии муҷассама 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит иҳота намуда, дар болои он тоҷи тиллоӣ, ҳамчун нишони давлатдории тоҷикон бо қутри 4,5 метр воқеъ гардидааст. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 метр аст. Дар дохили он осорхона ва нусхаи мақбараи Сомониён низ сохта шудааст.
Дар майдони зери муҷассамаи Исмоили Сомони пайкараи ду шер аз биринҷӣ сохта шудааст, ки онҳо рамзи устувории давлат қудрат ва ҳокимият мебошанд. Маврид ба зикри хос аст, ки шер ин нишони таърихии тоҷикон буда, аз аҳди Ҳахоманишиён сар карда, тасвири шер ҳамчун рамзи шоҳӣ ва қудрат дар тахти шоҳӣ, дирафш, қасрҳо ва дигар ашёҳо дида мешуд.