Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Муҷассамаи Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий


Муҷассамаи Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий бо дархости Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Бродский И.Д. ва меъмор Сиромятников Г.А. дар солҳои 1977-1978 сохта шуда, дар назди бинои Иттифоқи нависандагон гузошта шудааст. Ин муҷассама таҷассумгари рамзи дӯстии халқҳо ва табодули илму адаб миёни миллати тоҷик ва миллати рус мебошад.

Зикр каардан ба маврид аст, ки Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик буда, соли 1878 дар Бухоро ба дунё омадааст. Айнӣ соли 1920 ба Самарқанд омада, як муддат дар он ҷо ва баъдтар то охири умри худ дар Душанбе зиндагӣ мекунад.  Ҳамазмон, Айнӣ  яке аз чеҳраҳои калидии таърихи фарҳангии тоҷикон буда, дар таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ташаккули худшиносии миллӣ нақши муҳим гузоштааст. Яке аз китоби маъруфи ӯ “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли 1926 таълиф шудааст, сарчашмаи гаронбаҳои адабӣ буда, дар он Айнӣ зиндагӣ ва осори бузургтарин шоирону мутафаккирони тоҷикро гирдоварӣ намуд. Бо дарназардошти хизматҳои шоён барои миллати тоҷик, С. Айнӣ баъди марг, яъне соли 1997 унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро соҳиб мешавад. 

Максим Горкий соли 1868 дар Русияи Подшоҳи ба дунё омада, яке аз нависандагон, драматругон ва мутафаккирони барҷастаи рус мебошад. Ӯ дар рушди адабиёти рус, бахсус дар ташакулёбии адабиёти реализми сотсиалистӣ нақши бориз гузоштааст. Аввалин маротиба М. Горкий ва С. Айнӣ соли 1931 дар шаҳри Москва бо ҳам вохурда, вобаста ба вазъи адабиёти муосир изҳори назар намудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки С. Айнӣ ҳам, бо навиштани якчанд асарҳои худ аз қабили “Марги судхур”, “Одина”, “Ғуломон” ва амсоли инҳо вазъи воқеии зиндагии мардумро дар Аморати Бухоро нишон додааст.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз сабабҳои асосии сохтани ин муҷассама дар он аст, ки ҳар ду шахсияти барҷастаи илму адаб дар як давраи таърихӣ умр ба сар бурдаанд. М. Горкий дар Русияи подшоҳӣ ва С. Айнӣ дар Аморати Бухоро ба дунё омада, баъдтар бо таъсисёбии Ҳукумати Шӯравӣ онҳо дар як давлат фаъолият намудаанд. Сабаби дигари сохтани муҷассама дар он аст, ки ҳам С. Айнӣ ва ҳам М. Горкий дар замони худ пайваста бар зидди зулму ситам мубориза бурда, табақаи заҳматкашро ҷонибдорӣ мекарданд. С. Айнӣ ва М. Горкий дар асарҳои худ  зиндагии мардуми меҳнаткаш, адолати иҷтимоӣ ва мубориза барои озодӣ ва ҳақиқатро инъикос намуда, ин идеологияро дар байни ҷомеа тарғиб менамуданд. Маҳз ҳамин муборизаҳо буд, ки ҳам Аморати Бухоро ва ҳам Русияи Подшоҳӣ аз байн рафтанд ва ба ҷои онҳо Ҳукумати Шӯравӣ ба вуҷуд омад. 

Дар муҷассама ҳар ду шоир нишаста, дар ҳоли суҳбат намудан ва табодули афкор қарор доранд, ки ин ҳолат дар рӯзгори мо низ, ҳамчун рамзи дӯстӣ, эътирофи ҳамдигар, тарғиби илму адаб ва парвариши ғояҳои инсонӣ шинохта мешавад.