Муҷассамаҳои бузургони илму адаб, ки девори назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо зебоии хос оро медиҳад, нигоришоти “Ситорагони шеър” ном дошта, яке аз беҳтарин намунаҳои санъати муосири ҳайкалтарошии миллӣ ба шумор меравад. Ин маҷмуа солҳои 1980–1981 бо заҳмати дастаи эҷодии ҳунармандон — ҳайкалтарошон Милашевич И.З. ва Артюнян Н.С., рассом Қурбонов С.У. ва меъмор Каримов Р.Д. офарида шуда, имрӯз ба ҳайси рамзи арҷгузорӣ ба адабиёт ва фарҳанги тоҷик хизмат мекунад.
“Ситорагони шеър” аз 11 муҷассама иборат аст, ки ҳамаи онҳо аз миси куфташуда сохта шудаанд. Яке аз хусусияти ин маҷмаа дар он аст, ки ҳам сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳам сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳамчун рамзи пайванди адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дар ин маҷмаа ҷой дода шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар қатори ин чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик муҷассамаи шоир ва нависандаи бузурги рус Максим Горкий низ ҷой дорад, ки робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии ду халқро таҷассум мекунад.
Ҳар яке аз ин абармардон дар тамаддуни Шарқ ва адабиёти ҷаҳон нақши бориз гузоштаанд. Масалан, Ҳаким Умари Хайём, ки рубоиёти маъруфаш ҷаҳонгир шудаанд, ҳамзамон аз зумраи мутафаккирони барҷастаи илми асримиёнагӣ буда, бо кашфиёти ситорашиносӣ ва математикӣ, аз ҷумла, ҳалли муодилаҳои седаҷрагӣ ва таҳияи тақвими ҷалолӣ (яке аз дақиқтарин тақвимҳои ҷаҳонӣ) дар таҳаввули илми башарӣ саҳми арзанда дорад. Ибни Сино дар радифи шеъру фалсафа бо илми донишномагии худ ва равнақи тиб дар ҷаҳон маъруф гардидааст.
Саъдию Ҳофиз, Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Айнӣ ва дигарон, ки дар ин маҷмаа ҷойгир шудаанд, на танҳо дар адабиёти форсу тоҷик мавқеи намоён доранд, балки дар густариши ғояҳои башардӯстона, тарғиби рафоқат, баланд бардоштани мавқеи назм ва бузургии сухан дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштаанд.
Лозим ба зикр аст, ки ин маҷмуаи беназир ба ифтихори 70-солагии шоири халқӣ, нависандаи бузург, Қаҳрамони меҳнат ва имрӯз Қаҳрамони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода эъмор гардидааст. Ба ин васила, офарандагони композитсия на танҳо ёди шоири маҳбубро гиромӣ доштанд, балки макони махсусеро барои таҷассум ва эҳтироми ҷаҳони маънавии миллати тоҷик офариданд.
Месазад ёдовар шавем, ки Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Ӯ яке аз шоирони барҷастаи миллати тоҷик буда, дар арсаи байналмилалӣ тавассути шеърҳои офаридаи худ, дӯстии халқҳо ва ғояҳои инсондӯстиро тарғиб менамуд. Ҳамзамон, дар эҳёи худшиносии миллӣ, рушди забону адабиёт нақши муассир гуҳоштааст. Шоистаи ёдоварӣ аст, ки М. Турсунзода солҳои 1944-1977 роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, ки ин яке аз сабабҳои ҷойгир шудани ин маҷмааи муҷассамаҳо дар назди бинои иттифоқ гардидааст.
Имрӯз “Ситорагони шеър” на танҳо маҷмӯаи муҷассамаҳо, балки рамзи бедории зеҳнӣ, тамаддуни ҳазорсола, инсонгароӣ, ахлоқи ҳамида ва муҳаббат ба адабу фарҳанг аст. Дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин бузургон ҳамчун ситораҳои ҷовидон миёни осмони фарҳанги тоҷик ҷилвагар мешаванд.