Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ


Абулқосими Фирдавсӣ, яке аз бузургтарин достонсароёни тоҷику форс, соли 934 дар шаҳри Тус ба дунё омадааст. Ӯ дар замони давлатдории миллии тоҷикон – Сомониён ва баъдан, дар давлати Ғазнавиён зиндагӣ кардааст. Дар ин давра забони арабӣ дар илм мақоми хос дошт. Аммо Фирдавсӣ сӣ сол талош варзида, бо забони тоҷикӣ таърихи ин миллатро ба назм кашида, асаре бо номи “Шоҳнома” офарид, ки имрӯз ҳамчун сарчашмаи таърихӣ аҳаммияти бузурги илмӣ ва луғавӣ дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар матни аслии китоб аз тасвири таърихи 50 подшоҳи форсу тоҷик (аз Каюмарс то Яздигурди III) баён гардидааст. Олимону муаррихон собит намудаанд, ки ҳамаи шоҳони дар асар тасвиршуда ашхоси таърихиянд ва «Шоҳнома» таърихи миллати форсу тоҷикро аз замонҳои қадим то асри VII дар бар мегирад. “Шоҳнома”-ро ба се бахш: 1) асотирӣ, 2) паҳлавонӣ ва 3) таърихӣ метавон ҷудо кард. Дар бахши асотирии “Шоҳнома” якчанд шоҳон-пешдодиён аз қабилӣ: Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун ва дигарон амал менамоянд. Маҳз дар замони ин шоҳон ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба миён омаданд. Қисми қаҳрамонии “Шоҳнома” аз шуриши Коваи оҳангар шуруъ мешавад. Дар қисми қаҳрамонии “Шоҳнома” Фирдавсӣ бештар аз ҳама ба эҷодиёти шифоҳии халқ, қиссаву ривоятҳои шифоҳӣ, афсонаҳои сеҳрангез муроҷиат намудааст.

Бахши сеюми асар аз давраи Дорою Искандари Мақдунӣ ва Ашкониён  оғоз меёбад, ки онро қисмати таърихии “Шоҳнома” низ ном мебаранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар асрҳои миёна ба арсаи байналхалқӣ дохил гардид. Дар миёнаи асри XIII Абулфатҳи Бундории Исфаҳонӣ онро дар шакли наср ба забони арабӣ тарҷума намуд. Аврупоиҳо бо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар асрҳои XVIII–XIX тавассути тарҷумаҳои лотинии У.Ҷонс (1774), фаронсавии Жул Мол, немисии Ф.Гюкнерт шинос шуданд.

Месазад ёдовар шавем, ки Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо як достонсаро ва шоири ноб, балки шахсияти покнажоду барҷастаи адабӣ буд. Фалсафаи манзум ва осори ӯ пур аз ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида мебошад. Шеърҳои Фирдавсӣ ҳамчунин баҳри озодии халқ ва Ватан, адолат, росткорӣ ва ёварӣ ба мардум мебошанд. Фирдавсӣ бо офаридани  “Шоҳнома” забон, таърих ва ҳувияти миллии тоҷиконро ҳифз ва ҷовидона гардонид, ки имрӯз асари ӯ ҳамчун рамзи таърих ва тамаддуни тоҷикон шинохта мешавад.

Муҷассамаи Фирдавсӣ соли 1992 аз ҷониби ҳайкалтарош Бекасиён А. бо ҳамкории гурӯҳи ҳунармандон Қурбонов С. ва Абдураҳмонов И. аз миси куфташуда сохта шудааст. Муҷассама дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шуда, шоир дар он барқад, бо эҳтиром ва бовиқор тасвир ёфтааст. Дар назди пояи муҷассама китоби кушод ҷойгир аст, ки рамзи осори бузурги ӯ –  “Шоҳнома” мебошад. Таълифи “Шоҳнома” дар асри X воқеаи муҳим ва фаромушнашавандаи адабӣ ва фарҳангӣ дар таърихи башарият ба шумор меравад. 

Муҷассамаи Абулқосими Фирдавсӣ рамзи муҳаббат ва эҳтироми тоҷикон ба шеъру адаб ва мероси фарҳангии онҳо мебошад.