Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Нимпайкараи Бобоҷон Ғафуров


Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) яке аз арбобони сиёсии давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқишиноси машҳури тоҷик буда, соли 1908 дар Исфисор (ҳозир ноҳияи Б. Ғафуров)-и вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар тули ҳаёти худ Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти илмӣ ва сиёсӣ машғул гардида, барои ташаккули давлати тоҷикон нақши муассир гузоштааст. Ӯ аз соли 1946 то соли 1956 котиби якуми Ҳизби Комунистии Тоҷикистон буд, ки ҳамчун роҳбари аввали РСС Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар ин давраҳо барои рушди Тоҷикистон, махсусан, рушди илми таъриху бостоншиносӣ корҳои муҳиммеро ба сомон расонидааст. Муҳимтарин хизматҳои Б. Ғафуров дар он аст, ки бузургони илму адаб ва бостоншиносони машҳурро ба ҷумҳурӣ барои фаъолият овард. Маҳз бо дастури ӯ барои сардафтари адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе хона сохтанд, ки ҳоло ба хона-осорхона табдил ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки Б. Ғафуров солҳои тулонӣ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни Машриқзамин машғул гардида, дар ташаккули илми шарқшиносӣ нақши муассир гузоштааст. Инчунин, ӯ ба масъалаи таъриху фарҳанги тоҷикон диққати махсус зоҳир намуда, вобаста ба таърихи давлатдорӣ ва фарҳангу маданияти миллати тоҷик китобу мақолаҳои зиёд интишор намудааст, ки муҳимтарини онҳо китоби “Тоҷикон” мебошад.  Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо талошҳои Б. Ғафуров соли 1968 аввалин маротиба конференсияи байналмилалӣ доир ба таърихи давлати Кушониён дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки то ин давра таърихи давлати Кушониён барои илми таърих норавшан буд. Маҳз, ҳамин конференсия ва дигар чорабиниҳо дар Афғонистон ва Англия, ки ташаббускори онҳо Б. Ғафуров буд, масъалаи омузиши таърихи давлати Кушониёнро равнақ бахшид. Ногуфта намонад, ки ин давлат зиёда аз 400 сол арзи ҳасти намуда, дар иртиботи фарҳангию иқтисодии ҷаҳони Шарқу Ғарб нақши калидӣ дошт.

Бузургтарин хизматҳои Б. Ғафуров барои рушди илми тоҷик масъалагузорӣ ва ташкил намудани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ки ҳоло ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ин ду муассиса бонуфузтарин муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар омода кардани олимону мутахассисон барои соҳаҳои мухталиф нақши калидӣ доранд.

Ногуфта намонад, ки Б. Ғафуров дар баробари олим ва сиёсатмадор будан, яке аз дипломатҳои барҷастаи Ҳукумати Шуравӣ ба ҳисоб меравад, ки дар барқарор намудани робитаҳои дипломатии  ИҶШС бо кишварҳои мухталиф махсусан бо Арабистони Саудӣ нақши асосиро бозидааст. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки Бобоҷон Ғафуров шахсияте буд, ки сиёсат ва илмро бо ҳам пайваст намуд. Ӯ бо далелҳои имлӣ мавҷудияти таърихии миллати тоҷикро собит намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи таърихии тоҷиконро мустаҳкам намуд.

Ба хотири хизматҳои шостаи Б. Ғафуров баҳри эҳёи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани иқтидори илмӣ дар ҷомеа ва дигар хизматҳои сиёсиву илмӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 ба унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” (баъд аз марг) сарфароз гардидааст.

Бо дарназардошти ин, баҳри пос доштани хотираи ӯ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 аз ҷониби ҳайкалтарош Иванов И.Г. ва меъмор Каимов Р. нимпайкараи Б. Ғафуров аз биринҷӣ ва санги мармар сохта мешавад. Гузоштани нимпайкара дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рамзӣ мебошад. Зеро ӯ дар ин бино аз соли 1936 то соли 1956 кору фаъолият намудааст.

Имрӯз нимпайкара ҳамчун намоди шуҷоат, ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби илму дониш ва мояи ибрат барои ҷавонон мебошад.