Куруши Кабир (593–530 то милод) — асосгузори Империяи Ҳахоманишӣ, фарзанди Комбизи I ва духтари шоҳи Мод Иштувегу (Астиаг) буд. Ӯ яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, қавмҳои ориёиро муттаҳид сохт ва давлати муназзами марказонидаро поягузорӣ намуд. Курушро дар илми таърих ҳамчун шахсе мешиносанд, ки бо сиёсати дурбинона, адолатпарварӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои мардум пояҳои давлати азимро устувор сохт.
Пас аз фатҳи Бобул, Куруш бо сиёсати ваҳдатсоз ва таҳаммулпазирӣ маъбадҳои Бобул, Ошур ва Эламро барқарор намуд, мардумро ба урфу оин, забон, дин ва тарзи зиндагии худ озод гузошт. Месазад зикр намуд, ки ҳангоми забти Бобул Куруши Кабир ҳамаи яҳудиёнро, ки дар асорати шоҳи Бобул қарор доштанд, озод намуда, ба онҳо имконияти баргаштан ба ватани худро медиҳад. Баъд аз ин Куруши Кабир фармони махсус содир менамояд, ки он бо номҳои гуногун ба монанди “Маншури Куруш”, “Устувонаи Куруш” ва амсоли ин маълум аст. Ин фармони Куруш ҳоло ба унвони “аввалин Эъломия дар бораи ҳуқуқи башар” ҳисобида мешавад, ки он бо хатти мехӣ ва забони оромӣ навишта шуда, дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳое мебошад, ки Куруш ба мардум бахшида буд. Маҳз, ҳамин сиёсати инсонмеҳварона сабаб шуд, ки ӯро яҳудиён наҷотбахш, бобулиён фиристодаи Мардук, юнониён бошад сиёсатмадори бузург номидаанд.
Куруши Кабир пас аз тақрибан 30 соли ҳукмронӣ соли 530 то милод даргузашт. Мақбараи ӯ дар шаҳри Пасаргад, пойтахти қадимаи Ҳахоманишиён, то имрӯз ҳамчун ёдгории нодири тамаддуни форсӣ ва яке аз рамзҳои давлатсозию фарҳангпарварӣ боқӣ мондааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки империяи сохтаи Куруши Кабир бо номи Ҳахоманишиён аввалин империя дар ҷаҳон маҳсуб гардида, то солҳои 330 пеш аз мелод арзи ҳастӣ намудааст. Ин империя ҷаҳони он давраро фаро гирифта, дар ҳудудҳои се қитъаи имрӯза, яъне Осиё, Аврупо ва Африқо доман паҳн намуда буд. Тибқи ахбори муаррихон дар ҳудуди империяи ташкилнамудаи Куруш беш аз 70 халқу миллатҳо бо фарҳангу оини хоси хеш зиндагӣ мекарданд. Маҳз сиёсати адолатпарваронаи Куруш буд, ки ҳамаи ин халқу миллатҳо ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози фарҳангӣ бо ҳам омада, дар фазои муътадил ва ҳамзистӣ умр ба сар мебурданд.
Сиёсати давлатдории Куруш дар самти идораи маъмурии империя низ, хусусияти хос ва фарқкунанда дошт. Ӯ империяи бузурги худро ба сатрапияҳо ҷудо намуд, ки ҳокими онҳоро сатрап ном мебурдан ва тобеияти мустақим ба шоҳони Ҳахоманишӣ доштанд.
Лозим ба зикр аст, ки сиёсати Куруши Кабир аллакай дар аҳди бостон мавриди таваҷҷуҳи олимону сиёсатмадорон қарор гирифта буд. Чунончи олими юнонӣ Ксенофонт вобаста ба малакаи Куруш, донишу таҷрибаи ҷангии ӯ, сиёсати давлатдорӣ ва дипломатияи ин шоҳи ҳахоманишӣ асари махсус бо номи “Киропедия” менависад. Тибқи назари олимони муосир Арасту маҳз аз ҳамин асар ба Искандари Мақдунӣ таълим медодааст, ки он дар рушду камоли Искандар таъсири муҳим мегузорад ва ҳамин буд, ки Искандар ҷаҳони онвақтаро ба итотати худ медарорад.
Муҷассамаи Куруши Кабир, ки аз ҷониби ҳайкалтарош Раҳматов Даврон офарида шуда, соли 2020 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабир гузошта шудааст. Ин боғ соли 2019 бунёд ёфта, ба яке аз маконҳои муҳимму рамзии гиромидошти мероси фарҳангию таърихии ориёиён табдил ёфтааст. Муҷассама симои пуршукӯҳи Куруши Кабирро инъикос намуда, эҳтироми мардумро ба ин шахсияти нотакрор таҷассум мекунад. Дар муҷассама Куруши Кабир дар тахти шоҳӣ, ки пояҳои он бо тасвири “грифон” рамзи давлати Ҳахоманишиён зиннат ёфтаанд, нишастааст. Дар сар тоҷ ва дар қафаси синаи он тасвири “фараваҳар” рамзи Худои некӣ тасвир гардидааст.
Муҷассамаи Куруши Кабир дар Душанбе на танҳо як осори санъати меъморию ҳайкалсозист, балки ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи куҳан, пешвои давлатдории ориёӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ армуғони маънавӣ барои мардум ва меҳмонон ба ҳисоб меравад.