Эъломияи Куруши Кабир, ки бо номҳои “Устувонаи Куруш” ва “Силиндри Куруш” низ маъруф аст, соли 1879 аз қаламрави Ироқи имрӯза аз ҷониби бостоншиноси эронитабор Ҳурмузи Рассом кашф гардид. Матн дар гили пухташудаи шакли силиндрӣ бо хатти мехӣ ва забони оромӣ навишта шудааст. Хатти мехӣ-хатти расмии давлати Ҳахоманишиён буда, забони оромӣ аз забонҳои бостонии мардуми ориёинажод ҳисоб меёбад.
Ин санади беназирро Куруши Кабир соли 539 то мелод, баъди озод намудани Бобул таълиф карда буд. Дар он як қатор ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ ба монанди озодии эътиқод, озод кардани ғуломон, обод кардани шаҳрҳо ва амсоли ин дарҷ гардидаанд.
Куруши Кабир дар оғози ин санад аз насаби хеш ёдоварӣ намуда, чунин менависад: "манам Куруш, шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи додгар, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор гӯшаи ҷаҳон, писари Камбуҷия шоҳи бузург…. Наваи Куруш, шоҳи бузург…, набераи Чишпиш шоҳи бузург…, он гоҳ ки бидуни ҷанг ва пайкор ба Бобул даромадам, ҳамаи мардум гомҳои маро бо шодмонӣ пазиро шуданд, дар боргоҳи подшоҳони Бобул бар тахти шаҳриёрӣ нишастам. Мардук Худои бузурги Бобул дилҳои мардуми Бобулро ба сӯйи ман гардонид. Зеро ман ӯро арҷманд ва гиромӣ доштам.

Артиши бузурги ман ба оромӣ ба Бобул даромад. Нагузоштам ранҷ ва озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин бирасад. Нобасомонии дарунии Бобул ва ниёишгоҳҳои онҷо дили манро ба дард овард… ман барои оромиш кӯшидам. Ман бардадориро барандохтам, ба бадбахтиҳои онон пойин бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд, фармон додам, ки ҳеҷ кас мардуми шаҳрро наёзорад ва ба дороии онон дастёзӣ накунад.
Мардук худои бузург аз кори ман хушнуд шуд, ӯ меҳрубониаш ва фаровониро арзонӣ дошт. Мо ҳамагӣ шодмон дар оштӣ ва оромиш пойгоҳи баландашро сутудем.
Ман ҳама шаҳрҳоро, ки вайрон шуда буд, аз нав сохтам, фармон додам ҳама ниёишгоҳҳои бастаро бикшоянд, ҳама худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷойҳои худ бозгардонидам, ҳама мардумонеро, ки пароканда ва овора шуда буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардонидам ва хонаҳои вайрони ононро обод кардам. ҳамчунин пайкара ва худоёни Сумер ва Акадро, ки Набонид бе ҳарос аз худои бузург ба Бобул оварда буд, ба хушнудии Мардук Худои бузург ва ба шодиву хуррамӣ ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам бошад, ки дилҳо шод гардад.
Бишавад, ки худоёне, ки ононро ба ҷойгоҳи нахустинашон боз гардондам, ҳар рӯз дар пешгоҳи худои бузург барои ман зиндагонии баланд хосгор бошанд… ман барои ҳама мардум ҳамбудгоҳе ором фароҳам сохтам ва оромишро бар ҳама мардум пешкаш кардам."
Нусхаи рамзии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир соли 2023 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Куруши Кабир насб гардид, ки он ба шукӯҳи боғ зиннати хосса бахшид. Дар тарафи дигари боғ муҷассамаи худи Куруш гузошта шудааст, ки ин баёнгари рамзи эҳтиром ба тамаддуни башарӣ, шоҳи одил ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Зеро Эъломияи Куруш пеш аз ҳама, таҷассумгари асосҳои ҳуқуқи инсон, озодӣ, баробарӣ ва монанди инҳо буда, аввалин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Ҳатто, ин асосҳои эъломияи Куруш дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки соли 1948 аз ҷониби СММ қабул гардид, дарҷ гардидаанд.
Имрӯз нусхаи аслии ин ёдгории нодири таърихӣ дар Осорхонаи Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешавад ва ҳамчун яке аз аввалин санадҳои таърихии ҳифзи ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.