Майдони “Истиқлол” дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ гардида, масоҳати умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ бо масоҳати 2,7 гектар бунёд шудааст.
Ин иншооти муҳташам, ки сохтмонаш моҳи июли соли 2020 оғоз ёфта буд, аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои ороишӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.
Дар майдон зиёда аз 7,5 ҳазор дарахтҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд, ки хуррамӣ ва зебоии майдонро бештар мекунанд.
Лозим ба зикр аст, ки дар маркази майдон Маҷмааи “Рамзи Истиқлол” қомат афрохтааст, ки он мавқеи асосиро дар майдони Истиқлол доро мебошад. Маҷмааи Рамзи Истиқлол дар шакли “дарахи ҳаёт” сохта шуда, болои он тоҷ яъне рамзи давлатдории тоҷикон гузошта шудааст. Қайд кардан ба маврил аст, ки лоиҳаи ин рамз аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия гардида, ифодакунандаи рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад.
Тамоми ҷузъиёти ин маҷмаа рамзӣ буда, ифодагари маъноҳои хосе мебошанд, ки ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллати тоҷик марбутанд. Аз ҷумла, “дарахти ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя - рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.
Атрофи маҷмаа аз берун бо чаҳордаҳ бахш ҷудо гардида, дар онҳо тавассути нақшҳои барҷаста таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ”, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ - “Ашкониён, Кушониён, Сосониён”, “Деваштич”, “давлатдории “Тоҳириён” ва “Саффориён”, “Сомониён”, “Исмоили Сомонӣ, вазирон, аҳли илму адаб”, “Тоҷикон дар асрҳои XI-XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тулонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна. Таърихи нав: “Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлол: Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО-и “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.
Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” пайваст буда, муҳташамтарин иншооти ҷашнӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин майдон ба хотири 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохта шудааст ва имрӯз ҳамчун рамзи Истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва ободию озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати тоҷик аст, шинохта мешавад.
Акнун ин майдон бо гулгаштҳои дилфиреби худ ва санъати нотакрори меъморӣ ба яке аз маконҳои асосӣ барои гузаронидани чорабиниҳои муҳимми давлатӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст.