Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Маҷмааи «Истиқлол»


Маҷмааи рамзи “Истиқлол” дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ буда, баландии он 121 метр аст. Қисмати пойинии маҷмаа 30 метр ва қисми болои он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлолият ва дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистонро ифода мекунад. Қисмати болои бурҷ дар шакли тоҷ сохта шудааст, ки қутри он 8 метр буда, аз титан сохта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки “Тоҷикистон” баргирифта аз калимаи тоҷ буда, он ифодагари мафҳуми миллати тоҷик мебошад ва ба давлатдории ҳазорсолаи тоҷикон ишора менамояд. Зеро тоҷикон яке аз миллатҳои таърихие мебошанд, ки ҳануз дар ҳазораи 1 то мелод давлатҳои аввалини худро таъсис дода буданд. Аввалин давлатҳои онҳо Пешдодиён ва Каёниён буда, таърихи давлатдории онҳо дар деворнигораҳои атрофи ин рамз инъикос гардидаанд.

Асоси меъмории бино рамзи “Дарахти ҳаёт” мебошад, ки ифодагари сарсабзии ҳаёт, устуворӣ ва рушди донишу фарҳанг аст. Дар маҷмаа 14 деворнигораҳо ҷойгир шудаанд, ки марҳалаҳои рушди давлатдории тоҷикон аз давраи Зардушт то замони истиқлолиятро бо анъанаҳо ва корнамоиҳои мардуми мо нишон медиҳанд.

Дар болои бурҷи истиқлол, дар сатҳи 94 метр майдони тамошо ҷойгир аст ва бо 4 дурбини калонҳаҷм таъмин шудааст. Онҳо барои тамошои шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд. Мавриди зикри хос аст, ки шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои қадимаи миллати тоҷик буда, тули ҳазорсолаҳо ҳаёт дар ҳудуди он идома дошт. Ба қавли бостоншиносон аввалин пойтахти империяи Кушониён, ки ҳудуди Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистону Ҳиндустонро дар бар мегирифт, ҳамин шаҳри Душанбе мебошад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои ободи минтақаи Осиёи Миёна табдил дода шудааст. Биноҳои баландошиёна, қасру кохҳои бошукӯҳ, ки бо сабки меъмории миллӣ эъмор шудаанд, ба ҳусни шаҳр зебоии хос зам намудаанд.

Ошёнаи аввали ин маҷмаа аз 7 толори барҳаво ва толори синамои 5D, инчунин намоишгоҳ иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми бино осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, дар он асосан бозёфтҳои бостоншиносӣ ва таърихии аз ҳудуди шаҳри Душанбе пайдогардида ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар Осорхонаи таърихӣ тавассути тахт ва тоҷи рамзӣ, ки бо сангҳои қиматбаҳо ва ороишоти миллӣ зиннат ёфтаанд, рамзҳои давлатдорӣ ва таърихии Тоҷикистон баён шудаанд. Тахт дар тақлид ба тахтҳои шоҳии тоҷикон сохта шуда, бо шери болдор ва фарри шоҳӣ оро ёфтааст.  Онро тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ медонанд, ки бо дарназардошти унсурҳои миллӣ ва таърихии тоҷикон сохта шудааст. Дар болои тахти шоҳӣ тоҷ гузошта шудааст, ки он аз тилои холиси истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, тавассути сангҳои қиматбаҳои алмосу ёқути кабуд, лаъли Бадахшон ва амсоли ин зиннат ёфтааст. Дар рӯйи тахт фарри шоҳӣ тасвир гардида, атрофи он тавассути 68 шуои зардузӣ оро ёфтааст, ки он ишора ба эҳёи давлати нави тоҷикон буда ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳадаф аз бунёди маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар пойтахти ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳни наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.

Маҷмаа ва осорхона барои сайёҳон, ҷавонон ва шаҳрвандони кишвар имконияти ошноӣ бо таърихи куҳанбунёди Тоҷикистон, фарҳанг ва санъати миллӣ фароҳам меоранд.

Дар ин радиф маҷмааи рамзи Истиқлол ҳамчун нишон аз пешравии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият, шукуфоии ватан, пойдории сулҳ ва давлатдории таърихии тоҷикон буда, бо сабку усули меъмории нотакрори худ яке аз иншооти ҷаззоб ва зебои Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.