Масҷиди нави ҷомеи шаҳри Душанбе яке аз калонтарин марказҳои исломии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бо ҳунари меъмории нотакрор ва фазои бошукӯҳи худ ҳар як меҳмони пойтахтро ба ҳайрат меорад. Ин иншооти азим бо дастгирии Давлати Қатар ва Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шуда, сохтмони он моҳи октябри соли 2011 оғоз гардид ва дар давоми 9 сол анҷом ёфт.
Масҷид дар масоҳати 12 гектар ҷойгир буда, маҷмуаи васеи иншоотро дар бар мегирад: толорҳои калони намозгузорӣ, китобхона, осорхона, толорҳои қабули меҳмонон, биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳи муосир. Бино бо 4 манораи 74-метрӣ, гумбази асосии 43-метра ва 17 гумбази хурд оро ёфтааст, ки ба он намуди хоси тоҷикона мебахшанд.
Толори асосии намозгузорӣ дорои ҷой барои 43 ҳазор нафар буда, дар маҷмуъ масҷид то 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт қабул карда метавонад. Саҳни васеи дарунӣ бо фаввора ва ҷой барои 8 ҳазор нафар зебо гардидааст.
Дар дохили масҷид 6 синфхона, 2 китобхона, толорҳои мулоқоту қабул, меҳмонхонаҳо ва ҳуҷраҳои техникии муосир ҷойгиранд. Атрофи масҷид бо майдони сабзу гулзор ва таваққуфгоҳи барҳаво барои 500 мошин ороиш ёфтааст.
Ин маҷмаа бо истифодаи беҳтарин анъанаҳои меъмории тоҷикӣ — нақшу нигори деворҳо, сутунҳои мусаввар, тарҳи нодири гумбазҳо ва манораҳо — бунёд шудааст. Яке аз ҷолибтарин рамзҳо ин сохтмони масҷид дар шакли харитаи Тоҷикистон аст, ки ба ҳувияти миллӣ ишора мекунад.
Дар паҳлуи масҷид бинои Донишгоҳи исломӣ мавҷуд мебошад, ки дар дохили он осорхонаи фарҳанги исломӣ воқеъ гардидааст. Ҷойгиршавии чунин биноҳо ин маконро ба яке аз марказҳои мукаммали илмӣ, фарҳангӣ ва динӣ табдил додааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масҷид ба номи Имоми Аъзам гузошта шудааст, ки он тахаллуси Нуъмон ибни Собит яке аз фарзандони баруманди миллати тоҷик мебошад. Гузаштагони ӯ аз шаҳри Кобул буданд ва худи ӯ соли 699 дар Куфаи Ироқ дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Касби асосии Абуҳанифа (Имоми Аъзам) тиҷорат буд. Дар баробари ин ӯ аз илмҳои замони худ пурра баҳравар гардида, ба яке аз олимони забардасти замони худ табдил ёфта буд.
Имоми Аъзам аввалин олиме буд, ки дар ислом назарияҳои илми фиқҳ ва усулу қоидаҳои баровардани ҳукми дурустро аз “Қуръон” асос дода, қонунҳои шариати исломиро ба танзим даровардааст. Ӯ асосгузори яке аз мазҳабҳои суннӣ бо номи ҳанафия мебошад. Имоми Аъзам вобаста ба шариъати ислом китобҳои зиёде ба монанди “Ал-фиқҳ-ул-Акбар”, “Ал-фиқҳ-ул-Абсат”, “Ал-олим-вал-мутааллим”, “Рисолаи Абуҳанифа (р) ба Абумуслим” ва ғайраҳо мебошад, ки муҳимтарини онҳо китоби “Ал-фиқҳ-ул-Акбар” буда, то имрӯз дар ҳалли масоили шаръи миёни мусалмонон истифода мегардад.
Мавриди зикр аст, ки масҷиди мазкур ғайр аз макони ибодат, ҳамчун маркази омузишӣ ва фарҳангӣ низ фаъол аст. Дар дохили он синфхонаҳо, китобхонаҳо ва толорҳои калон мавҷуданд, ки барои омӯзиши таъриху фарҳанг нақши босазо мегузоранд. Ҳамин тариқ, ин марказ дар таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ҷомеа таъсири калон мегузорад.
Дар баробари ин масҷид бо меъмории нотакрори худ ба яке аз маконҳои ҷолиби пойтахт табдил ёфта, дар ин замина баҳаморандаи имон, фарҳанг ва маърифат мебошад.