Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Маркази Исмоилия


Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе яке аз муҳимтарин ва муосиртарин иншооти фарҳангӣ-динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин марказ на танҳо макони баргузории маросими мазҳабии ҷомеаи исмоилӣ аст, балки ҳамчун фазои муколамаи фарҳангҳо, рушди маърифат, таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи муосир нақши арзанда дорад. Ҳадафи асосии бунёд намудани маркази исмоилӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тарғиб ва таҳкими  таҳаммулпазирии динӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки исмоилия яке аз равияҳои бостонии ислом буда, дар тули асрҳо дар ташаккули фарҳанг, маърифат ва тамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар сарзамини Тоҷикистон, бахусус дар Бадахшони таърихӣ, ҷомеаи исмоилӣ анъанаҳои бойи ахлоқӣ, илмӣ ва фарҳангиро ҳифз намуда, онҳоро бо арзишҳои миллӣ ҳамоҳанг сохтааст. Эҳтиром ба илм, ақлгароӣ, таҳаммулпазирӣ ва хидмат ба ҷомеа аз ҷумлаи рукнҳои асосии ин равия мебошанд, ки имрӯз низ аҳаммияти худро аз даст надодаанд.

Яке аз вижагиҳои асосии Маркази исмоилияи Душанбе меъмории нодир ва муосири он аст. Бино бо истифода аз унсурҳои меъмории исломӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикӣ тарҳрезӣ шуда, бо фановариҳои муосири сохтмонӣ ҳамоҳанг гардидааст. Хатҳои сода, таносуби дақиқ, истифодаи рушноии табиӣ ва фазои кушода ба иншоот шукӯҳ ва оромиши хос мебахшанд. Сохтмони биноҳои марказро ҳунармандон ва меъморони ватанию хориҷӣ дар такя бо сабки меъмории таърихии миллати тоҷик ба анҷом расонидаанд.  Дар сохтани бино унсурҳои меъмории хонаи бадахшонӣ, рамзҳои қадимаи тоҷикӣ ва баъзе унсурҳои меъмории замони Сомониён васеъ истифода гардидаанд.

Ороиши дохилии марказ бо нақшу нигори нозук, кандакориҳои ҳунармандона ва истифодаи маводҳои босифат иҷро шудааст. Ҳар як ҷузъи бино рамзи андеша, маърифат ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад. Иншоот ба симои меъмории шаҳри Душанбе зебоии нав зам намуда, ба як нуқтаи ҷолиби фарҳангӣ табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти марказ хидмат ба ҷомеа мебошад. Арзишҳои инсонпарварӣ, ҳамдардӣ ва масъулияти иҷтимоӣ дар барномаҳои он мақоми хос доранд. Марказ дар ташаббусҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ саҳм гузошта, ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.

Маркази исмоилиён дар шаҳри Душанбе соли 2009 ифтитоҳ гардида, ҳудуди 3 гектарро дар бар мегирад. Мавриди зикр аст, ки ин марказ аз бахшҳои маъмурӣ, ҷавонон ва тарбия, толори иҷтимоӣ ва ҷамоатхона иборат буда, он панҷумин маркази исмоилиёни ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар марказ танҳо ҷамоатхона хусусияти динӣ дошта, барои анҷом додани маросими ибодат сохта шудааст. Қисматҳои дигари марказ бештар хусусияти фарҳангӣ дошта, ҳадафи он муколама байни фарҳангҳо ва ташакули таҳаммулпазирӣ мебошад.

Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе имрӯз ба як падидаи муҳимми фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Он на танҳо ниёзҳои маънавии ҷомеаи исмоилиро қонеъ мегардонад, балки ҳамчун макони муколама, омузишва ҳамгироии фарҳангҳо хизмат мекунад. Ин марказ рамзи таҳаммулпазирӣ, фарҳангдӯстӣ ва сиёсати созандаи Тоҷикистон буда, дар муаррифии кишвар ҳамчун давлати сулҳпарвар ва фарҳангӣ нақши арзанда мебозад.

Аз тарафи дигар сабки меъмории ҷолиби марказ, ки ба меъмориҳои аҳди бостон шабоҳати зиёд дорад, баҳри фароғат ва сайёҳати сокинони пойтахт фазои муътадилро ба бор овардааст.