Сирк ҳамчун як навъи санъати оммавӣ дар тули таърих нақши муҳим дар тарбияи зебоишиносии ҷомеа, фароғат ва рушди истеъдодҳои эҷодӣ бозидааст. Дар Тоҷикистон низ санъати сирк дорои таърихи бой буда, ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ташаккул ёфтааст.
Пояҳои ибтидоии санъати сирк дар Тоҷикистон ба анъанаҳои қадимаи мардумӣ бармегарданд. Ҳануз аз замонҳои қадим дар ҷашнҳои миллӣ, бозорҳо ва маросимҳои мардумӣ ҳунарҳое чун дорбозӣ, найрангбозӣ, чолокбозӣ, ҳунарҳои масхарабозон, муҳрабозӣ ва тамрин бо ҳайвоноти хонагӣ роиҷ буданд. Ин унсурҳо баъдтар ҳамчун заминаи ташаккули сирки касбӣ хизмат карданд.
Дар солҳои 1930-1940, ҳамзамон, бо рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон, таваҷҷуҳ ба ташкили санъати сирк низ афзуд. Гурӯҳҳои сайёри сиркӣ аз шаҳрҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба Тоҷикистон омада, барномаҳои худро пешниҳод менамуданд. Ин раванд боиси пайдо шудани аввалин ҳунармандони маҳаллии сирк гардид.
Соли 1961 дар шаҳри Душанбе Сирки давлатии Тоҷикистон расман таъсис ёфт. Ин рӯйдод марҳилаи нави рушди санъати сирк дар кишварро оғоз бахшид. Муассиса дар муддати кутоҳ ба як маркази муҳимми фарҳангӣ табдил ёфта, ҳунармандони тоҷикро ба саҳнаи бузурги сирк ворид намуд.
Дар солҳои 1970-1977 бинои Сирки давлатии Тоҷикистонро гурӯҳи ҳунармандон ва меъморон аз қабили Аизкович Г., Волвак Т. ва Эрзовский Э. эъмор намуданд, ки он дар давраи Шуравӣ ҳамчун яке аз беҳтарин толорҳои сиркӣ дар Осиёи Марказӣ эътироф шуда буд.
Бино шакли доирашакл дошта, бо услуби гунбазӣ сохта шудааст, ки ба меъмории сиркҳои классикии Иттиҳоди Шуравӣ шабоҳат дорад. Дохили бино аз толори намоишӣ ва майдони махсуси ҳунарнамоӣ иборат буда, фазои муносиб барои иҷрои барномаҳои сиркӣ фароҳам меорад. Ороиши дохилӣ ва берунии бино сода, равон ва мувофиқ ба сабки меъмории Шуравӣ мебошад. Атрофи бино бо гулгашту роҳравҳо оро ёфта, худ ба як минтақаи истироҳатию тамошоӣ табдил ёфтааст.
Сирки давлатии Тоҷикистон як муассисаи муҳимми фарҳангӣ буда, таърихи он бо роҳи рушди санъати миллӣ пайваст мебошад. Аз анъанаҳои мардумӣ то саҳнаи касбӣ, аз давраи Шуравӣ то замони Истиқлол – сирк ҳамеша ҳамчун рамзи эҷодкорӣ, заҳмат ва зебоӣ боқӣ мондааст.
Имрӯз Сирки давлатии Тоҷикистон на танҳо як ёдгории меъморӣ, балки рамзи зиндаи санъати саҳнавӣ ва фароғат дар кишвар мебошад. Барномаҳои гуногун ва рангини он ҳамеша аҳолии Душанбе ва меҳмононро шод мегардонанд. Ин макон то ҳол яке аз нуқтаҳои ҷолиби сайёҳӣ дар пойтахт ба ҳисоб меравад.