Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, №1094 моҳи марти соли 2013 дар бинои нави боҳашамат воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 11 таъсис ёфтааст. Масоҳати он 24000м2 – ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст. Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи милии Тоҷикистон барои тамошобинон чор шӯъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.
Зербино. Шӯъбаи табиат дар зербинои осорхона ҷойгир буда, ба тамошобинон оид ба олами ҳайвоноту растаниҳо, иқлим, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар шӯъбаи табиат толори махсуси геологӣ фаъолият менамояд, ки дар он намунаи сангҳои қиматбаҳои конҳои ҳудуди кишвар, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар маркази толори зикршуда дарахти маснуие мавҷуд аст, ки аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Ин дарахт 3м 40 см баландӣ ва, 600 кг вазн дошта, 19536 барг аз сангҳои қиматбаҳо дорад. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон тавассути диорамаҳои «Помир», «Чилдухтарон», «Даштиҷум», «Бешаи Палангон» шинос мумкин аст.
Бояд қайд намуд, ки дар роҳрави зербинои Осорхона рӯзи 28.09.2023 бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори доимоамалкунанда таҳти унвони “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” ифтитоҳ гардид.
Вобаста ба ин, дар Осорхона толори алоҳидаи экспозитсионӣ бо номи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” созмон дода шудааст. Ин толор бо шаклу услуби замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи осорхонавӣ бунёд гардида, дар он калонтарин пиряхи ҷаҳон Федченко (Ванҷях) ва қитъаи шашуми олам Антарктида ба шакли барҷаста инъикос ёфтааст.
Ҳамзамон, дар толори мазкур таҷҳизотҳои соҳаи пиряхшиносӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2008-2009 дар қитъаи Антарктида барафрохта шуда буд, пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Ҷолибияти дигари толор дар он аст, ки ҳангоми ворид шудан ба он садои сунъии шамоли сарди пиряхҳо ва шикастани онҳо ба гӯш мерасад ва тамошобинон худро лаҳзае дар муҳити пиряхҳо эҳсос менамоянд.
Ошёнаи 1. Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он дар ошёнаҳои якум ва дуюми осорхона ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якум намоиши шӯъба аз харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҳамзамон ёдгориҳои толорҳои намоишии ин ошёна оид ба бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, императории Ҳахоманишиҳо маълумот медиҳанд. Инчунин дар ошёнаи якуми Осорхона толори махсуси сиккашиносӣ (нумизматикӣ) мавҷуд аст, ки маводи он ба таърихи пайдоиши сикка, пул ва қоғазҳои қимматнок бахшида шудааст. Дар ин намоишгоҳ сиккаҳои аҳди юнону бохтарӣ (асрҳои II-III то м.), кушонӣ (асрҳои II то м.-IVмилодӣ), сосонӣ (асрҳои III-VII), бухорхудотӣ (асрҳои VII-VIII ), сомонӣ (асрҳои IX-X), қарахонӣ (асри XI), чағатоӣ (асрҳои XII-XIII ), темурӣ (асрҳои XIV-XV), манғитӣ (асри XIX )-ро дидан мумкин аст. Инчунин дар толори сиккашиносии Осорхона сиккаҳои ҷашнӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо ба ифтихори таҷлили ҷашнҳо аз қабили 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, 1000 – солагии Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра бахшида шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки рӯзи 15 апрели соли 2023 дар “Осорхонаи миллӣ” имитатсияи ёдгории “Тахти сангин” ифтитоҳ гардид. “Тахти Сангин” ёдгории арзишмандест, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи “Хазинаи Амударё” то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор доранд.
Ёдгории мазкур дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500 – солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид карда шуд.
Ба давлатдории замони юнону бохтариҳо, Кушониҳо, Сосониён, Ҳайтолиён, Панҷакенти қадим давоми экспозитсияи ошёнаи якуми Осорхона бахшида шудааст. Дар осорхона ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим (асрҳои V-VIII) бозёфтгардида: деворнигораҳо, муҷассамаи сӯхтаи духтари раққоса, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор маҳфуз аст, ки осори мазкур аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи “Помпеи Шарқ” маъруф аст, шаҳодат медиҳад.
Дар толори мудаввар, ки он дар қабати аввали осорхона воқеъ аст, тамошобинон имкон доранд аз имитатсияи дайри будоии Аҷинатеппа дидан намоянд.
Ошёнаи 2. Осорхона бо ёдгориҳои маҳфузмондаи замони Сомониён шурӯъ мешавад, ки дар толори намоишӣ мансуби ин давр ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии мунаққашу катибадори асри Х, қадимтарин меҳроби чӯбин дар ҷаҳон аз Искодар, кандакории болои чӯби болооби Зарафшон, намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, лавозимоти ҳарбии асрҳои XI-XVI, кошиҳо ва намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои мисӣ ва коғаз ба тамошобинон пешниҳод мешавад.
Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шуравӣ ( солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шӯъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншоотҳои замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ошёнаи 3. Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ-ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шӯъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.