Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангии кишвар буда, нақши калидӣ дар ҳифз, омузиш ва муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик мебозад. Ин осорхона дар заминаи Осорхонаи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, ки солҳои тулонӣ дар бинои ҳозираи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар кӯчаи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт, таъсис ёфтааст.
Бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо масоҳати умумии зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъ имрӯз ба яке аз калонтарин марказҳои осорхонавии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Намоиши намоишгоҳҳои доимӣ ва муваққатии осорхона дар 22 толор, аз ҷумла, ду толори мудаввар, ба роҳ монда шудааст. Осорхона дорои толори барҳавои конфронс бо 300 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳои байналмилалӣ, семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки осорхона дорои чор шуъбаи намоишгоҳӣ аз қабили шуъбаи табиат, таърихи бостон ва асри миёна, таърихи наву навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ буда, онҳо дар зербино ва 3 ошёнаи дигар ҷойгир шудаанд. Дар ин шуъбаҳо табиати Тоҷикистон, таърихи миллати тоҷик аз замони ташаккул то давраи Истиқлол ва санъати рассомии миллати тоҷик инъикос гардидаанд
Барои ҳифзи илмии ёдгориҳо, осорхона бо панҷ махзани муҷаҳҳази нигаҳдории осори таърихӣ таъмин буда, дувоздаҳ ҳуҷраи махсуси озмоишгоҳӣ барои тармим, таҳқиқ ва барқарорсозии бозёфтҳои бостонӣ фаъолият мекунанд. Ин имконият Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба як маркази илмӣ-таҳқиқотӣ табдил додаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар фонд (хазина)-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ашёи таърихию бостонӣ маҳфуз аст. Ин маҷмуаҳамасола аз ҳисоби бозёфтҳои нави бостоншиносӣ, хариди нигораҳо ва қабули туҳфаҳо аз шаҳрвандон ғанӣ мегардад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки қадимтарин ашёи осорхона беш аз як миллион сол таърих дорад. Дар байни ганҷинаҳои осорхона маҷмуаи тилоӣ мақоми махсус дорад. Он аз тоҷи кунгурадор, ороишоти тилоии либос бо тасвири аждаҳо, косаи тилоӣ ва қисмҳои камарбанди тилоӣ иборат буда, ба асрҳои I то мелод ва I мелодӣ мансуб аст. Ин маҷмуаяке аз нодиртарин маҷмуаҳои бостонӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи он бо ҳамкории меъморони тоҷик ва чинӣ таҳия гардида, дар асоси ҳамгироии меъмории муосир ва унсурҳои анъанавии миллӣ амалӣ шудааст.
Сабки меъмории бино хусусияти рамзӣ дошта, ғояи давомдории тамаддуни тоҷикон аз замонҳои бостон то имрӯзро таҷассум мекунад. Сутунҳои азими бино ба сабки меъмории давраҳои қадим сохта шуда, бо сарсутунҳои зооморфӣ, ки аз услуби ёдгориҳои замони Ҳахоманишиён ва давраи антиқа илҳом гирифта шудаанд, оро ёфтаанд. Ин унсурҳо робитаи фарҳангии тамаддунҳои ориёиро бо таърихи халқи тоҷик нишон медиҳанд.
Намои берунаи бино бо симметрия, ҳаҷми бузург ва истифодаи унсурҳои классикии шарқӣ фарқ мекунад. Қисмати болоии бино бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинат ёфта, рамзи истиқлол, давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Тасвири нишон ба бино симои бошукӯҳ ва давлатӣ бахшида, аҳаммияти осорхонаро ҳамчун муассисаи миллӣ таъкид мекунад.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз на танҳо як маркази нигаҳдории осори таърихию фарҳангӣ, балки оинаи тамаддуни тоҷикон, мактаби худшиносии миллӣ ва намунаи барҷастаи меъмории муосири тоҷик ба шумор меравад. Ин муассиса бинандаро бо таърихи пурғановати халқ, фарҳанги бисёрасра ва дастовардҳои тамаддунии миллати тоҷик ошно намуда, дар рушди маърифати миллӣ ва эҳсоси ифтихор аз гузашта ва имрӯз нақши муҳим мебозад.